Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

БОНУВОНИ МО ДАР РАДИО

БОНУВОНИ МО ДАР РАДИО
206

Чоп кардан

“Ту монанди замин яктои модар,” чунин ном дошт барномаи идонаи радиои “Садои Душанбе”, ки кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” Маина Мамадносирова ва Муҳаббат Иброҳимзода дар он ширкат варзиданд.

Муҳаррири барнома Нигина Давронзода  меҳмононро ба шунаванда муаррифӣ намуда, атрофи ин иди ҳуҷаста ва нақшаҳояшон дар оянда бо онҳо суҳбат орост.

Маина Мамадносирова  сардори Маркази авиатсионии метеорологӣ оид ба вазифаҳои дар ихтиёрдоштаи кормандони марказ, ҳамчунин  атрофи бузургии зан ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан-модар андешаҳои ҷолиб ва муассир баён дошта, аз ҷумла арз доштанд, ки имрӯз занону бонувони тоҷик новобаста аз ҷинсият як зумра корҳои душвору заҳматталабро низ бар душ доранд ва саҳмашон дар гул-гулшукуфии диёр аз мардон кам нест. Бахусус дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия, ки  фаъолият дар ин самт аз ҳар як корманд дониши баланди техникиро тақозо менамояд. Дар ироаи андешаҳои бикр Маина Мамадносирова аз минбари баланди “Садои Душанбе” кулли бонувони кишварро бо таҷлили “Рӯзи Модар” самимона шодбош намуда, барои якояки онҳо сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва покиву масъулияти баландро дар оила ва коргоҳ  таманно намуд.

Дар тақвият бахшидан ба андешаҳои ӯ сармутахассиси Маркази матбуоти корхонаи мазкур Муҳаббат Иброҳимзода низ бонувони кишварро бо иди зебои “Модар” табрик намуда, бобати нақши занон дар рушди кишвар ва фаъолияти босамарашон дар самтҳои гуногун ибрози андеша намуда, арз дошт, ки ташкили Квотаи Президентӣ дар баробари дигар ғамхориву пуштибониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳкушое гашт барои духтарони кишвар, хоса духтарони манотиқи куҳистон. Ин иқдоми хайрхоҳонаи Ҷаноби Олӣ боиси он гашт, ки имрӯз вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар бо кадрҳои худӣ аз ҳисоби занону духтарон таъмин гашта, сафи духтарони донишҷӯ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бамаротиб афзуд. Атрофи дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбати бонувони соҳибкор ва дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбари КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода низ Муҳаббат Иброҳимзода бо ихлосу қаноатмандӣ сухан ронда, дар фарҷом кулли бонувони кишварро бо фарорасии баҳори нозанин ва иди “Модар” самимона шодбош гуфт.

Бояд зикр кард, ки иштироки бонувони фаъоли  корхона дар корҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилу чорабиниҳои ҷашнӣ дар баланд бардоштани малакаи зеҳнии онҳо ва тарғиби фаъолияти густурдаи корхона нақши калидӣ хоҳад гузошт.

   Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”