Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ФАРҚИЯТИ VIP ВА CIP ДАР ФУРУДГОҲҲО

ФАРҚИЯТИ VIP ВА CIP ДАР ФУРУДГОҲҲО
144

Чоп кардан

Ҳангоми сафар  аксар вақт бо ду ибора VIP ва CIP дучор омадаед ва медонед, ки ин ду хизматрасонӣ ба кӣ пешниҳод карда мешаванд? Шахсоне, ки бо сабабҳои молиявӣ ё дигар сабабҳо ҳамеша аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ чиптаҳои “эконом-класс”-ро харидорӣ менамоянд, бо ин ду намуди хизматрасонӣ ошно нестанд. Аз ин рӯ мо тавассути мақолаи мазкур оид ба хизматрассонии VIP ва CIP ба Шумо бештар маълумот хоҳем дод.

Хизматрасонии VIP чист?

VIP аз ибораи англисии “Very Important Person” гирифта шуда, “Шахси хеле муҳим” тарҷума мешавад. Ин хизматрасонӣ бо амнияти баланд алоқаманд буда, метавонад аз ҷониби онҳое истифода шавад, ки дар рутбаҳо мавқеи баландро ишғол менамоянд, аз ҷумла президент, вазир, сарони давлат, дипломат, роҳбарони ширкатҳои ҷамъиятӣ, сафир, сиёсатмадор, рассомони машҳур ва амсоли онҳо. Хизматрасонии VIP пеш аз парвоз то фуруд омадани ҳавопаймо идома меёбад.

Таъмини тамоми шароити мусоид тавассути амнияти шахсӣ назорат ба роҳ монда шуда, камераҳои видеоӣ ҳама рӯйдодҳоро назорат менамоянд.

Хизматрасонии VIP дар фурудгоҳ

Дар доираи таъмини хизматрасонии VIP дар фурудгоҳҳо шахси алоҳида интихоб ва барои пешниҳоди хизматрасониҳои VIP масъул мегардад. Ин шахс меҳмонро истиқбол намуда, чиптаи мусофирро дастрас ва бағоҷашро ба ҷои муайянгардида месупорад. Инчунин дар толори махсус ё тарабхона ба VIP муштарӣ хизмат расонида, баъдан муштариро тавассути дарвозаи амниятӣ мегузаронад ва ба ӯ таом ва нӯшокиҳои болаззат пешкаш менамояд.

Пас аз ин марҳила меҳмон ба ҳавопаймо гусел ва  ҳамлу нақли ӯ тавассути нақлиёти махсус сурат мегирад, аммо аз автобуси муқаррарие, ки харидорони чиптаҳои “эконом класс”-ро ба ҳавопаймо интиқол медиҳад, истифода намешавад.

Ин хизматрасониҳои VIP танҳо бо парвоз маҳдуд нестанд. Шумо инчунин метавонед дар тарабхонаи фурудгоҳ аз хизматрасониҳои VIP ва шароити махсус баҳра баред. Дар бисёре аз фурудгоҳҳо тарабхонаҳои боҳашамат сохта шудаанд ва ҳама хизматрасониҳо барои  меҳмонони махсус омода аст.

 Хизматрасонии CIP чист?

Дар баробари хизматрасониҳои VIP, фурудгоҳҳо инчунин хизматрасониҳои CIP-ро низ пешниҳод менамоянд. CIP аз ибораи англисии “Commercially Important Person” гирифта шуда “Шахси аз ҷиҳати тиҷорат муҳим” тарҷума мешавад. Хизматрасонии мазкур ба афроде, ки аз нуқтаи назари тиҷоратӣ дар мавқеи хуб қарор дорад, пешниҳод карда мешавад.

Нуқтаи аз ҳама муҳим дар он аст, ки хизматрасонии CIP муқоиса ба хизматрасонии VIP дар фурудгоҳ, ки танҳо ба шахсони алоҳида дастрас мебошад, ба ҳамаи шахсоне, ки имкони пардохти CIP-ро доранд, аз ҷумла роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ, менеҷерони ширкат, тоҷирон, варзишгарон, ва умуман, ҳар касе, ки аз ҷиҳати моддӣ таъмин аст, метавонанд аз имконияти мавҷудаи дар ин хизматрасонии муайяншуда истифода барад.

 Хизматрасониҳои CIP дар фурудгоҳ 

Дар доираи хизматрасонии CIP шахси масъул барои шумо чиптаи фуруд (посадочный талон)-ро дастрас менамояд, гузариш санҷишҳои махсус, хӯроки ройгон, интиқол то охири парвоз, интиқоли бағоҷ ва дигар вазифаҳоро адо менамояд. Хизматрасонии мазкур ба мусофир имкон медиҳад, ки корҳои шахсии худро ба иҷро расонида, бидуни нигаронӣ аз ҳуҷҷатгузорӣ ва мушкилоти эҳтимолӣ бо оромӣ парвоз намояд.

Фарқият байни хизматрнасонии CIP ва VIP

Яке аз муҳимтарин фарқиятҳои байни CIP ва VIP масъалаи амният аст. Тавре ки қаблан зикр гардид, дар хизматрасонии VIP ҳама хизматрасониҳои ба мусофирон пешниҳодшуда ба амнияти мусофир равона гардида, тавассути камераҳо ё амнияти шахсӣ назорат карда мешаванд, аммо ин ҳолат дар хизматрасониҳои CIP ба мушоҳида намерасад.

Фарқи дигари байни хизматрасониҳои VIP ва CIP дар арзиши ин ду хизматрасонист. Хароҷоти хизматрасониҳои VIP ба дӯши ширкатҳо ё созмонҳо гузошта мешавад ва шахси воқеӣ набояд аз ҳисоби шахсии худ маблағи ин хизматрасониҳоро пардохт кунад, аммо дар CIP арзиши хизматрасониҳоро шахсе ба ӯҳда мегирад, ки имкони пардохт дорад.

Хизматрасонии VIP ба шахсоне, ки дорои мансабҳои давлатианд пешниҳод мешавад ва ба ин далел таъмини амнияти онҳо ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Хизматрасониҳои CIP барои он мусофироне дастрас мебошад, ки имкони пардохти хизматрасониро доранд. Мавҷуд будан ва ё набудани мансаби давлатӣ барои гирифтани хизматрасониҳои CIP аҳамият надорад ва ягона масъалаи муҳим қобилияти молиявии пардохти ҳаққи хизматрасонӣ мебошад.