Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
93

Чоп кардан

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта”-ро тасдиқ намуданд.

***

28-уми феврали соли 2024 дар Фурудгоҳи байналмилалии Шереметево ширкати “China Eastern Airlines” нахустин парвози мунтазамро дар масири Шенян-Москва-Шенян оғоз намуд.

***

Ширкати “China Southern Airlines” бо чаҳор парвози мустақим дар як ҳафта парвозҳои худро байни Гуанчжоуи Чин ва Доҳа аз моҳи апрели соли 2024 оғоз менамояд. Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳоли ҳозир байни Чин ва Қатар танҳо ширкатoҳои “Qatar Airways” ва “Xiamen Airlines” парвозҳоро ба роҳ мондаанд.

***

Барқарор намудани ҳаракати ҳавоӣ байни Қазоқистон ва Ҷопон дар соли 2025 пешбинӣ гардид.

***

Дар Уфа технологияи хомӯш кардани сӯхтор бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин таҳия шуд.

***

Ширкати “Red Wings Airlines” аз 1-уми март парвози мустақимро аз фурудгоҳи Самара ба Махачқалъа оғоз менамояд.

***

Ширкати “Россия” аз 2-юми июн парвозро аз Внуково ба Екатеринбург ва Уфа оғоз менамояд.

***

Ширкати “Turkish Airlines” аз 27-уми апрел парвозро аз Омск ба Анталия оғоз менамояд.

***

Пас аз 10 соли таваққуф моҳи апрели соли равон ширкати “Qanot Sharq” парвозҳои мустақими мунтазамро дар масири Тошканд-Прага-Тошканд оғоз менамояд.

***

Чин барои шаҳрвандони Гурҷистон низоми бидуни раводидро ҷорӣ намуд, ки шаҳрвандони он метавонанд то 30 рӯз бидуни раводид дар Чин бимонанд.

***

Тибқи иттилои авиатсияи Покистон хизматрасонии таксиҳои ҳавоӣ аз Карочӣ расман оғоз гадида, сокинон метавонанд хизматрасонии мазкурро бо мақсади сайёҳӣ ва дар ҳама гуна ҳолати фавқулодда истифода намоянд. Дар марҳалаи баъдӣ хизматрасонии таксиҳои ҳавоӣ пас аз муддате дар тамоми фурудгоҳҳои Панҷоб ва Хайбар Пахтунхва дастрас гардида, дар як вақт ба се мусофир хизматрасонӣ хоҳанд кард.

***

 (Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, The Nation, https://news.mail.ru/tag/306/)