Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
290

Чоп кардан

Бахшида ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхона баргузор гардид.

 

Муовини аввал Даврон Шодмонбекзода табрикоти Директори генералӣ Лоиқ Бегиҷонзодаро ба саҳми кормандон ироа намуда, онҳоро бо 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Ёдовар гардид, ки имрӯз дар марҳилаи худшиносии миллӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва халқи тоҷик мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори миллӣ арзиши бештар пайдо намуд. Дар даврони пурихтилофу ноамни имрӯзаи ҷаҳон барои амнияти мамлакати азизамон ва арзишҳои миллии он, ифтихори миллӣ ва ватанпарастӣ беш аз ҳар вақти дигар кафолати ягонагиву ватандӯстӣ ва нангу номус мебояд.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бештар қавию устувор гардонидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, пайваста ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти кишвар ба Артиши миллӣ ва омодагии ҳарчи бештари он ба ҳимояи Истиқлоли кишвар зоҳир мегардад. Натиҷаҳои ин ғамхорӣ ва кӯшишҳо аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон шабоҳат ба қалъаи амнияте дорад, ки фарзандони далеру шуҷои Ватан нигаҳбони он мебошанд.

 

Сипас сармутахассиси Маркази матбуот Муҳаббат Иброҳимзода, сардори Маркази авиатсионии метеорологӣ Маина Мамаднасирова, сардори Шӯъбаи ҳифзи меҳнат ва техника бехатарӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқуллода Илҳом Муродов, муовини сардори Маркази таълимии авиатсионӣ Аббос Афсаҳзод, сардори Шуъбаи маъмурӣ-хоҷагидорӣ Эмомназар Сироҷзода ва мудири бойгонии Раёсати кадрҳо ва меҳнат Сарвиноз Зикаева ба сухан баромада оид ба нақши Артиши миллии дар таъмини сулҳу субот ва саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ёдоварӣ намуданд.

 

Бояд зикр кард, ки давоми 31 соли рушду нумӯи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланду хароҷоти камтарин ва бо меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Танҳо давоми се соли охир қариб 500 бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ бунёду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин руҳияи афсарону сарбозони шуҷои ватанро бамаротиб баланд мебардорад.

 

Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва дар маҷмуъ хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо ва мартабаҳои Артиши миллӣ омодаанд, ки талаботи қонунҳои амалкунанда, амру фармонҳо, дастуру супоришҳо, иқдому ташаббус ва роҳнамоиҳоеро, ки аз тарафи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо гузошта мешаванд, бечунучаро, сари вақт ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд.

 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия