Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
153

Чоп кардан

Ширкати Қазоқистон “Qazaq Air” аз 1-уми апрел парвозро аз Актюбе ба Қазон ва ширкати “SCAT” аз Сочи ба Актау барқарор менамояд. Ҳамзамон аз 21-уми апрел парвозҳо аз Перм ба Туркия ва аз 19-уми март парвозҳои чартерии ширкати “Azur Air” аз Перм ба Хургаду сурат мегиранд.

***

Бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ ширкати “Air Astana” ба маркази техникии авиатсионии Остона барои донишҷӯёни маркази “Women in engineering” (Занон дар муҳандисӣ)  экскурсия доир намуд. Донишҷуён оид ба касби муҳандисӣ аз наздик шинос шуда, бобати рушди соҳаи мазкур бо кормандони соҳаи авиатсия суҳбат оростанд.

***

Фурудгоҳи Пулково аввалин парвози ширкати “Uzbekistan Airways”-ро ба Намангон амалӣ намуд. Ширкат нақша дорад, ки дар мавсими тобистон парвозҳои иловагиро ба шаҳрҳои Самарқанд, Ургенҷ ва Намангон оғоз намояд. Ҳамин тариқ, дар тобистон шумораи парвозҳо аз Пулково ба шаҳрҳои Ӯзбекистон то 25 парвоз дар як ҳафта афзоиш меёбад. 

***

Ширкати “NordStar Airlines” дар доираи ҳамкории худ бо ширкати “Red Wings Airlines” оид ба мубодилаи рамзҳо  фурӯши чиптаҳои ҳавопайморо дар хатсайри Екатеринбург - Саратов - Екатеринбург оғоз намуд, ки ҳафтае ду маротиба сурат мегирад.

***

Ширкати “S7 Airlines” аз 12-уми март парвозҳои мустақимро ба Қазоқистон барқарор намуда, фурӯши чиптаҳоро барои парвоз аз Новосибирск ба Уст-Каменогорск ба роҳ монд. Парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба анҷом дода мешаванд.

***

Ширкати “Новапорт” дар солҳои 2024-2026 ба нақша гирифтааст, ки терминалҳои навро дар 13 фурудгоҳи Федератсияи Россия ба истифода диҳад.

***

Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия нақша дорад, ки дар соли 2024 нуҳ хатти парвозро дар фурудгоҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла Кемерово, Мирний, Орел, Охотск, Полярний, Томск, Воронеж, Грозний ва Беринговский ба роҳ монад.

***

Киштии насли панҷуми туркӣ Каан аввалин парвози худро анҷом дод.

***

“Starlux” ширкати Тайванӣ бо мақсади баромадан ба бозорӣ боркашонӣ барои ҳавопаймои Airbus A350F фармоиш дода, шумораи зиёди ҳавопаймои A330neos-ро харидорӣ менамояд.

***

Ширкати Ҳиндустон “IndiGo” эълон намуд, ки аз 29-уми марти соли 2024 парвозҳоро аз Денпасари Бангалор ба ҷазираи Балии Индонезия оғоз менамояд.

***

Тобистони соли ҷорӣ ширкати “Korean Air” парвозҳои 747-8 мусофиронро ба Ҳитроу барқарор менамояд.

***

Аз 2-юми марти соли 2024 ширкати “Red Wings” шумораи парвозҳоро аз Кемерово ба Екатеринбург зиёд менамояд.

***

Агентии федеролии нақлиёти ҳавоӣ ифтитоҳи парвозҳои мустақимро байни Россия ва Филиппин, Арабистони Саудӣ ва Индонезия дар соли 2024 пешбинӣ менамояд.

***

Аз 1-уми июн ширкати “Победа” парвозҳоро дар масири Сочи — Волгоград дар як ҳафта чор маротиба афзоиш медиҳад.

***

Шӯрои федератсия дар ҷаласаи пленарӣ қонунеро тасвиб кард, ки Вазорати ҳолатҳои фавқулодда барои хизматрасонии аэронавигатсионӣ, фурудгоҳҳо ва таъминоти рӯизаминии парвозҳо, ки барои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ҳангоми гузаронидани корҳои фавқулодаи наҷотдиҳӣ бо мақсади таъмини бехатарии ҳаво заруранд, пардохт намекунад. Қоидаҳои нав ба парвозҳои марбут ба нақлиёти ҳавоии тиҷоратӣ таъсир намерасонанд.

***

Марокаш ва Либия ният доранд, ки парвозҳоро пас аз 9 сол барқарор намоянд.

***

Ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Чин “Ehang” рӯзи чоршанбе эълон кард, ки бо ширктаи “Telefónica Tech”-и Испания барои ҳамкорӣ дар ҷорӣ намудани ҳалли интеллектуалӣ барои ҳаракати ҳавоии мобилии шаҳр дар Аврупо ва Амрикои Лотинӣ созишномаи стратегӣ имзо намуд. Ширкатҳо қайд намуданд, ки онҳо дар якҷоягӣ татбиқи қарорҳо дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, идоракунии шаҳрҳои интеллектуалӣ ва истифодаи таҷҳизотҳои парвозкунанда дар воситаҳои ахбори оммаро дар нақлиёти идорашаванда, логистика ва ҳамлу нақл, инчунин ҳамлу нақли тиббӣ ва ҳолати фавқулодда дар Аврупо ва Амрикои Лотинӣ мусоидат хоҳанд кард.

***

(Манбаъ: Fligh Global, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, СИНЬХУА, https://news.mail.ru/tag/306/)