Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “БОЗИҲОИ ОЯНДА”

ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “БОЗИҲОИ ОЯНДА”
184

Чоп кардан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд,  иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокдорони ин мусобиқаҳо, ки беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд,  аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ба гуфти созмондиҳандагони мусобиқот, ин гуна бозиҳо бори аввал ташкил ва баргузор мегарданд ва онҳо бовар доранд, ки ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи варзишгарону ҳаводорони сершуморро ба худ ҷалб намуда, дар воқеъ ба бозиҳои оянда дар ҷаҳон табдил меёбанд. 

Бояд таъкид дошт, ки дар ин мусобиқоти байналмилалӣ дастаи Тоҷикистон ҳам дар ҳайати 35 варзишгар иштирок доранд.

   
                                                                                                                                   http://prezident.tj/node/32740