Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

РЕЙТИНГИ ТУРБУЛЕНТИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

РЕЙТИНГИ ТУРБУЛЕНТИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
155

Чоп кардан

Рейтинги турбулентӣ дар кишварҳои гуногун аз ҷониби хадамоти “Turbli” дар асоси гузоришҳои сарнишинони ҳавопаймо барои моҳи январи соли 2024 тартиб дода шуд. Тибқи таҳлили хадамоти мазкур, ки 172 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад, кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин раддабандӣ шудаанд: Қирғизистон дар ҷои 75-ум, Тоҷикистон дар ҷои 89-ум, Туркманистон дар ҷои 151-ум, Ӯзбекистон дар ҷои 155-ум ва Қазоқистон дар ҷои 161-ум ҷойгир шудаанд. Мавқеи Шпитсберген, Россия, Гренландия ва Канада баландтар ва Антарктида дар миқёси ҷаҳонӣ осмони “оромтарин” дар ҷои охирин қарор дорад. Осмони нооромтарин ин фазои Бутан арзёбӣ гардида, пас аз ӯ ба панҷгонаи беҳтарин инчунин Гвинея-Бисау, Сенегал, Кабо-Верде ва Непал дохил шуданд. Британияи Кабир 150-ум, ИМА 68-ум ва Австралия 64-умро ишғол мекунанд. Кишвари аз ҳама “ноором” дар материкии Аврупо Испания мебошад, ки дар раддабандӣ ба он ҷои 42-юм дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи январи соли гузашта ҳавопаймое, ки аз Тошканд ба Алмаато парвоз мекард, ба турбулентии шадид дучор шуда буд, ки дар натиҷа 7 мусофир ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Қобил ба зикр аст, ки хадамоти “Turbli” ғайр аз рейтинги “кишварҳои нооромтарин”, хизматрасонии харитаи интерактивиро низ пешниҳод менамояд. Тавассути ин хизматрасонӣ метавон мушаххас намуд, ки оё парвози банақшагирифташуда аз минтақаи турбулентӣ мегузарад.