Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ОҒОЗИ ФУРӮШИ ЧАРХБОЛҲОИ ЭЛЕКТРИКИИ SKYDRIVE

ОҒОЗИ ФУРӮШИ ЧАРХБОЛҲОИ ЭЛЕКТРИКИИ SKYDRIVE
130

Чоп кардан

Ширкати бузурги истеҳсолкунандаи автомобилии Ҳиндустон “Maruti Suzuki” дар ҳамкорӣ бо ширкати асосии Ҷопонии худ “Suzuki” тасмим гирифтанд, ки чархболҳои барқии “SkyDrive”-ро истеҳсол намоянд. Дар ин бора Prime бо истинод ба Times of India хабар медиҳад.

Моҳи июни соли 2023, таҳиягари ҷопонии таксиҳои барқии ҳавоӣ “SkyDrive” бо ширкати “Suzuki” оид ба истеҳсоли ҳавопаймои вертикалии барқии парвоз ва фуруд (eVTOL) шартнома имзо намуд, ки чархболи барқии “SkyDrive” дар соли 2025 сертификатсияи қобили парвозро дастрас менамояд.

Ширктаи “Maruti Suzuki” истеҳсоли чархболҳои барқии бузургтар аз ҳавопаймои бесарнишин, вале хурдтар аз чархболи маъмулиро пешбинӣ намуд, ки то ҳадди ақал се мусофир, аз ҷумла сарнишинро интиқол диҳад. Ҳадафи мазкур ба он равона шудааст, ки ҳарчи зудтар дар соҳаи қарорҳои нави мобилӣ мавқеи пешсафро ишғол намояд ва маҳсулоти худро дар бозорҳои Ҳиндустон, Ҷопон ва ИМА мавриди истифода қарор диҳад.

Чархболи “SkyDrive” дар намоишгоҳи Осакаи Ҷопон (Osaka Expo-2025) дар соли 2025 муаррифӣ хоҳад шуд ва эҳтимол аст нахуст барои фурӯш дар Ҷопон ва ИМА муаррифӣ гардад. Суръати максималии чархбол 100 километр дар як соат ва вазни он 1,4 тонна буда тақрибан нисфи вазни чархболи маъмулӣ аст. Ин имкон медиҳад, ки бомҳои биноҳо ҳамчун нуқтаи фуруд ва парвоз истифода шаванд. Инчунин, аз ҳисоби барқикунонӣ миқдори қисмҳои ҳавопаймо назар ба чархбол  кам гардида, боиси коҳиши арзиши истеҳсол ва таъмири чархбол мегардад.

Тибқи иттиллои масъулин, намунаи аввалини чархболи  “SkyDrive” бо се ҷои нишаст масофаи 15 километрро ташкил медиҳад ва эҳтимолан то соли 2029 ба 30 километр ва то соли 2031 ба 40 километр хоҳад расид.