Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МАШҚҲОИ ШАРТӢ ДАР ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН

МАШҚҲОИ ШАРТӢ ДАР ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН
197

Чоп кардан

Ҳайати чархболҳои Ми-8МТВ5-1 ва Ми-24-и гурӯҳи авиатсионии пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар кӯҳистони Тоҷикистон машқӣ шартӣ оид ба ҷустуҷӯ ва маҳви душманро гузаронд. Дар ин бора дафтари матбуоти округи марказии низомии Вазорати дифои Россия хабар додааст. Дар доираи парвозҳои омӯзишӣ экипажҳо тамринро дар мавзеъҳои баландкӯҳи душворгузар ба сомон расонида, иштикоф (разведка)-и нерӯҳо ва воҳидҳои душманро низ гузарониданд.

Дар майдони ҳавоии омӯзишии Лоҳур, дар баландиҳои паст, бар зидди техникаҳои ҷамъшуда ва қувваи кории душмани сохта мушакҳои идоранашавандаи С-8 “воздух-поверхность” истифода гардид.

Илова бар ин, сарнишинон маҳорати сарнишинии худро дар павроз аз дараҳои кӯҳӣ, куллаҳои баланд ва мавзеъҳои санглох ва фуруд омадани чархболҳо дар баландии то 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, санҷиданд

Таъкид кардан ба маврид аст, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон ҷойгиршуда бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир ва аз лавозимотҳои гуногуни ҳарбӣ иборат мебошад.