Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
120

Чоп кардан

“Ростех” омӯзиши мутахассисон дар соҳаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар Маркази таълимии ширкати “РТ-Техприемка” оғоз намуд. Дар доираи барномаи такмили ихтисос ба донишҷӯён идоракунии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва таҳлили маълумоте, ки бо истифода аз онҳо ба даст оварда шудаанд, таълим дода мешавад. Илова бар ин дастурдиҳандагон (инструктор) ва мутахассисони зидди дронҳо барои омӯзонидани операторони идоракунии заминии ҳавопаймоҳои бесарнишин омода карда мешаванд.

***

Аз 3-юми феврал ширкати “Россия” шумораи парвозҳоро аз Москва ба Ижевск афзоиш дод.

***

Ширкати “S7 Airlines” парвозҳоро ба Пекин ва Шанхай аз фурудгоҳи байналмилалии Владивосток дар моҳи апрел барқарор менамояд.

***

Дар натиҷаи корпартоии фурудгоҳи Олмон беш аз 1000 парвоз лағв гардид.

***

Ширкати “Lilium” бо Фурудгоҳи байналмилалии Орландо қарордод ба имзо расонд. Ҳадафи шарикӣ такмил додани инфрасохтори eVTOL (таксиҳои ҳавоии вертикалии барқӣ) ва ҳамгироӣ ба саноати авиатсияи Аврупо мебошад. Ҳавопаймоҳои Lilium eVTOL метавонанд ифлосшавии ҳаво ва роҳро коҳиш дода, ҳамзамон нақлиёт ва дастрасиро ба минтақаҳои гуногун беҳтар созанд.

***

Ширкати “Turkish Airlines” аз 31-уми март ба парвозҳои бештар дар масири Кишинёв-Истанбул шурӯъ намуда, ҷадвали парвозҳои амалкунандаро тағйир медиҳад.  

***

Сафири Фавқулода ва Мухтори Танзания дар Федератсияи Россия Фредрик Иброҳим Кибута гуфт, созишномаи байни Россия ва Танзания, ки он дар барқарорсозии парвозҳои мустақим ояндаи наздик замина мегузорад, дар ҳоли таҳия қарор дорад.

***

Тибқи ҷадвали баҳор-тобистони соли 2024 ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз Уляновск ба ҳашт шаҳри Россия парвозҳо анҷом медиҳанд.

***

Аз 9-уми феврал шаҳрвандони Россия, Бразилия, АМА, ИМА, Фаронса ва Ҷопон метавонанд бидуни раводид ба музофоти Ҳайнани Чин парвоз намоянд. Мақомоти муҳоҷират ба сокинони ин кишварҳо иҷозат медиҳад, ки бидуни раводид вориди сафарҳои сайёҳӣ, аёдати хешовандон, табобат, ширкат дар намоишгоҳҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва бо ҳадафҳои тиҷорат вориди музофот шаванд.

***

10-уми феврал ширкати “S7 Airlines” парвози мустақими байни Москва ва Кировро барқарор намуд.

***

Ширкати Аврупои Марказӣ “Wizz Air” дар фурудгоҳи Фюмисинои Рим маркази дувуми омӯзишии парвозҳоро ифтитоҳ менамояд.

***

Ширкати стартапи Мексика “Awesome Cargo” барои тавсеаи амалиёти Airbus A330 дар Иёлоти Муттаҳида иҷозат мехоҳад.

***

Содироти қисмҳои эҳтиётии F-35-ро ба Исроил додгоҳи Ҳолланд иҷозат надод.

***

Ширкати “Israir Group” гуфтушунидро бо саҳҳомони чинӣ оид ба харидории “Smartwings” қатъ мекунад.

***

Ширкатҳои “Joby” ва “Skyports Infrastructure” барои ба роҳ мондани хизматрасонии таксиҳои ҳавоии мусофирбарӣ дар Дубай аз соли 2025 созишномаро дар мувофиқа бо мақомоти нақлиёти аморат ба имзо расониданд.

***

Вазорати дифоъ ва ширкати “Saudia Private” созишномаеро имзо намуданд, ки ҳадафи он таҳкими хизматрасонии ҳавоӣ ва логистикӣ барои ҳавопаймоҳои мухталифи нерӯҳои ҳавоӣ мебошад.

***

Ширкати “Ryanair” бо ширкати “Skytanking Aviation Services” созишномаи нав ба имзо расонд, ки тибқи ин ҳуҷҷат дар моҳи апрели соли 2024 хизматрасонии техникӣ ба шабакаи афзояндаи интиқолдиҳанда дар фурудгоҳҳои асосӣ, аз ҷумла фурудгоҳи Эйндҳовен дар Олмон оғоз мегардад.

***

Ширкати “China Southern Airlines” бо ширкати “Lufthansa Technik” оид ба дастгирии техникӣ дар парки A350 қарордоди ҳаштсоларо ба имзо расонд.

***

Ширкати сохтмонии авиатсионии “De Havilland” шӯъбаи истеҳсолии “Field Aviation”-ро, ки дар Калгари воқеъ мебошад, харидорӣ намуд. Шарикии мазкур ба таҳкими иқтидори истеҳсолӣ нигаронида шудааст.

***

“Etihad Airways”, ширкати миллии ҳавопаймоии Амороти Муттаҳидаи Араб номи фурудгоҳи худро аз “Abu Dhabi Аirport” ба “Zayed International Airport” (Фурудгоҳи Байналмилалии Зайд) тағйир дод. Ин иқдом пас аз ифтитоҳи Терминали А дар моҳи ноябри соли 2023 амалӣ гардид.

***

Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) ба Симпозиуми ҷаҳонии боркашӣ 2024 (World Cargo Symposium 2024), ки аз 12-ум то 14-уми марти соли 2024 дар шаҳри Ҳонконг баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар назар аст, ки Симпозиуми имсола ба як чорабинии бузург табдил ёфта, ба мавзӯъҳои муҳим, аз қабили рақамисозӣ, устуворӣ ва бехатарӣ дар саноати боркашонии ҳавоӣ мусоидат хоҳад намуд.

***

(Манбаъ: Fligh Global, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/)