Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

БАРГУЗОРИИ 11-УМИН НАМОИШГОҲИ МИЛЛИИ ИНФРАСОХТОРИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ “NAIS-2024”

БАРГУЗОРИИ 11-УМИН НАМОИШГОҲИ МИЛЛИИ ИНФРАСОХТОРИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ “NAIS-2024”
188

Чоп кардан

Аз 6-ум то 7-уми ферали соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 11-умин Намоишгоҳи миллии инфрасохтори авиатсияи гражданӣ “NAIS-2024” баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаҳои иттилоотии Россия.

Дар намоишгоҳи мазкур 110 ширкати мухталиф зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд.

Инчунин дар доираи чорабинӣ миёни истеҳсолкунандагон ва харидорони таҷҳизот ва технологияҳои модернизатсияи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мулоқотҳои судманд доир гардид.

Намоишгоҳи “NAIS-2024” ба намояндагони сохторҳои ҳукуматию тиҷоратӣ имкон дод, то таъминкунандагони боэътимодро пайдо ва занҷираҳои нави таъминоту шароити беҳтари хизматрасониро муайян созанд.

Дар доираи барнома мавзӯъҳои сохтмон, лоиҳакашӣ ва модернизацияи инфрасохтори фурудгоҳҳо, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, технологияҳои рақамӣ, ҳавопаймои бесарнишин, истеҳсоли ҳавопаймо ва ивазкунандаи воридот дар истеҳсоли ҳавопаймо баррасӣ гардид.

Боздид аз намоишгоҳ махсусан барои роҳбарон ва мутахассисоне, ки дар инфрасохторҳои авиатсиони (ширкати ҳавопаймоӣ, аэродром, фурудгоҳ; авиатсияи тиҷоратӣ, маркази чархбол), мақомоти давлатӣ, минтақавӣ ва шаҳрӣ, тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, таҳиягарони технология, истехсолкунандагони таҷҳизот, маҳсулот ва хизматрасонӣ барои соҳаи авиатсия, ширкатҳои маблағгузорӣ, коркунони соҳаҳои гуногуни саноат ва нақлиёт муфид буд.

 

                                                                                    АКС аз манбаъҳои боз