Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МУЛОҚОТ ДОИР БА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

МУЛОҚОТ ДОИР БА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
315

Чоп кардан

8-уми феврали соли 2024 тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо мақсади дар амал татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамоиш доир гардид. 

Зимни чорабинӣ, ки бо иштироки роҳбарият ва масъулину кормандон ва корманди Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинзода Нуриддин сурат гирифт, ҳозирин бештар атрофи масоили марбут роҳҳои пешгирии амалҳои коррупссионӣ мубодилаи афкор намуданд.

   

Суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва афкори оштинопазир нисбат ба коррупсия ҳифз карда шуда, баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои самаранок андешида шаванд. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд.

Ёдовар бояд шуд, ки фаъолияти рӯзмарра дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар асоси меъёрҳои амалкунандаи қонунгузорӣ роҳандозӣ шуда, кормандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вазифаҳои  худро содиқона дар сатҳи касбӣ иҷро намоянд.

   

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”