Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҲАЛОКАТИ СОБИҚ ПРЕЗИДЕНТИ ЧИЛИ БАР АСАРИ СУҚУТИ ЧАРХБОЛ

ҲАЛОКАТИ СОБИҚ ПРЕЗИДЕНТИ ЧИЛИ БАР АСАРИ СУҚУТИ ЧАРХБОЛ
145

Чоп кардан

Собиқ Президенти Чили Себастян Пинера дар синни 74-солагӣ бар асари суқути чархбол ҷон бохт. Дар ин бора 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ Вазори корҳои дохилии Чили Каролина Тоа изҳорот дод. Президенти Чили Габриэл Борич се рӯз мотами миллӣ эълон намуд.

Суқути чархбол дар минтақаи Лаго-Ранко рух дод. Пинера, ки чархболро идора мекард, дар натиҷаи борони бошиддат аз идораи чархбол набаромад. Чархбол ба кули Ранко сарозер рафт. Тибқи иттилои “BioBioChile”, дар чархболи “Robinson R66” чаҳор нафар буданд. Пас аз суқут мусофирон тавонистаанд ба соҳил бирасанд, аммо Себастян Пинера камарбанди бехатарии худро кушода натавонист, ғарқ шуд. Наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро дар умқи тақрибан 40 метр пайдо намуданд.

Себастян Пинера ду маротиба дар солҳои 2010-2014 ва 2018-2022 дар вазифаи президенти Чили фаъолият намудааст.

АКС аз манбаъҳои боз