Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

БОЗГАШТИ ҲАВОПАЙМО БА ФУРУДГОҲИ ХАБАРОВСК

БОЗГАШТИ ҲАВОПАЙМО БА ФУРУДГОҲИ ХАБАРОВСК
119

Чоп кардан

Бар асари шикастани шишаи қисмати пеши ҳавопаймои “Bombardier dash8”-и ширкати “Аврора”, ки аз Хабаровск ба Николаевск-на-Амуре парвоз менамуд, ҳавопаймо ба фурудгоҳи Хабаровск баргашт. Дар ин бора “112” дар телеграм канали худ хабар дод.

Тибқи масъулин ҳавопаймо тибқи муқаррарот бомуваффақият фуруд омад. Дар ҳавопаймо 69 мусофир ва чаҳор узви экипаж буданд. Айни замон сабабҳои ҳодиса муайян карда мешаванд. Мақомоти дахлдор тафтишотро тибқи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти ҳавоӣ оғоз намуд.

 

АКС аз манбаъҳои боз