Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
257

Чоп кардан

16 сол қабл дар санаи 5-уми феврал ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвози аввалини худро амалӣ намуд.

***

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷрои парвозҳои байналмилалии мустақимро дар хатсайри Хуҷанд-Дубай-Хуҷанд оғоз намуд. Парвози аввалин санаи 4-уми феврал иҷро гардид. Парвозҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Дубай ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ба роҳ монда мешавад.

***

Фурудгоҳи “Beijing Capital International Airport” ва “Beijing Daxing International Airport” барои меҳмонони хориҷӣ усули нави хизматрасонии пардохтро фароҳам овард, ки меҳмонон тибқи ин хизматрасониҳо метавонанд истеъмоли хӯрокро пардохт намуда муомилот бо истифода аз кортҳои бонкии хориҷӣ, пардохти хизматрасониҳои мобилӣ, дасрас намудани пули нақд ва юани рақамиро амалӣ намоянд. Айни замон дар ду фурудгоҳ панҷ шӯъбаи бонкӣ, ҳафт нуқтаи мубодилаи асъор ва 24 банкомат фаъолият доранд. Кортҳои бонкии хориҷӣ аз ҷониби аксари корхонаҳо дар фурудгоҳҳо қабул карда мешаванд.

***

Дар фурудгоҳҳои Нарита ва Ҳанедаи Токио бар асари бориши миқдори зиёди барф 100 парвоз лағв гардид. Ҳамзамон обу ҳавои номусоид ба нақлиёти роҳи оҳан низ таъсири манфӣ расонд.

***

Ширкати “Jazeera Airways” шумораи парвозҳоро аз фурудгоҳи Домодедово ба Кувайт афзоиш медиҳад.

***

Тибқи маълумоти Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Федератсияи Россия интиқоли бор ва почта аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Россия дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 23% коҳиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ, операторони ватанӣ соли гузашта 467373 тонна борро интиқол доданд.

***

Ширкати “Utair” 62 самти парвозро баро дӯстдорони лижаронӣ амалӣ менамояд, ки 11 адади онҳо самтҳои нав мебошанд.

***

Вазорати нақлиёти Қазоқистон бо намояндагони фурудгоҳҳои ватанӣ ва роҳбарони хадамоти амнияти авиатсионӣ масъалаҳои беҳбуди сифати хизматрасонӣ ва бахусус муоинаи мусофиронро баррасӣ намуд. Ҳамин тариқ, вазорат вазифадор намуд, ки  афсарони муоина ҳангоми гузаронидани санҷиши пеш аз парвоз бояд хусусиятҳои этникӣ, фарҳангӣ ва динии мусофиронро ба назар гирифта насби таҷҳизотҳои сабти видеоро таъмин намоянд. Дар мулоқот васеъ намудани парвозҳо ба кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё ва Аврупо низ баррасӣ гардид.

***

Фурудгоҳи “Полярный” пас аз таҷдиди хати парвоз ва фуруд аввалин парвозро санаи 5-уми феврал қабул намуд.

***

Ширкати “AZUR air” марҳила ба марҳила парвозҳоро тибқи ҷадвали тобистона оғоз менамояд, ки барқарор намудани парвоз аз Москва ба Анталия аз 3-юми апрел пешбинӣ гардидааст.

***

Россия ва Беларус масъалаи тавсеаи ҷуғрофиёи парвозҳо ва иртиботи нақлиётӣ байни манотиқи дурдасти ду кишварро баррасӣ намуданд.

***

Аз 8-уми феврал ширкати “Уралские авиалинии” парвозҳои мустақими мунтазамро аз Екатеринбург ба Истамбул оғоз менамояд. Парвозҳо рӯзҳои душанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва шанбе ба нақша гирифта шудаанд. Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи январи соли ҷорӣ ширкати мазкур парвозҳои ҳамррӯзаро аз Жуковский ба Истамбул оғоз намуд.

***

Бар асари шикастани шишаи қисмати пеши ҳавопаймои “Bombardier dash8”, ки аз Хабаровск ба Николаевск-на-Амуре парвоз менамуд, ҳавопаймо ба фурудгоҳи Хабаровск баргашт.

***

Дар натиҷаи афзоиши истеҳсоли ҳавопаймои “Boeing” ва фаъолияти вазорати дифоъ, даромади ширкати Ҷопонии “Shinmaywa” дар семоҳаи сеюм афзоиш ёфт

***

Аввалин таҳвили ҳавопаймои “737 Max” аз ҷониби ширкати “Allegiant” то баҳор ба таъхир афтод.

***

 (Манбаъ: Сомон Эйр, Fligh Global, AVIA.RU, Aviation Explorer, https://news.mail.ru/tag/306/)