Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

БАРХӮРДИ ДУ ҲАВОПАЙМО ДАР ФУРУДГОҲИ ҶОПОН

БАРХӮРДИ ДУ ҲАВОПАЙМО ДАР ФУРУДГОҲИ ҶОПОН
171

Чоп кардан

Ду ҳавопаймои ширкати “All Nippon Airways (ANA)” дар хатти парвозу фуруд дар фурудгоҳи Осака ҳангоми парвозҳои дохилӣ баҳам бархӯрданд. Дар ин хусус РБК бо истинод ба Агентии иттилоотии Ҷопон “Kyodo” хабар медиҳад. Ҳодиса соати 10:10 вақти маҳаллӣ рух дод. Тибқи иттилои “Yahoo” ҳавопаймоҳо бо қаноти рости ҳамдигар бархӯрданд. Парвози ANA Flight 422, ки фуруд омада ва ба майдони таваққуфгоҳи худ мерафт, бо боли парвози ANA Flight 1637, ки мунтазири парвоз буд, бархӯрд. Парвози ANA Flight 422 ва ANA Flight 1637 дар ҳавопаймои “De Havilland Canada DHC-8” амалӣ мешаванд, ки барои 37-80 курсии нишаст барои мусофирон пешбинӣ шудааст. Корманди фурудгоҳи “Kansai Airports” хабар дод, ҳеҷ яке аз мусофирон ва аъзои ҳайати ҳарду ҳавопаймо осеб надидаанд ва сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешавад. Дар натиҷаи ин ҳодиса даҳ парвоз лағв карда шуд.

Ду ҳафта пеш дар нимаи моҳи январ дар фурудгоҳи дигари Ҷопон - дар Саппоро ду ҳавопаймо бархӯрданд. Ҳавопаймои ширкати “Korean Air Lines” бо 276 мусофир ҳангоми омодагӣ ба парвоз ба як ҳавопаймои доимии ширкати Ҳонконг “Cathay Pacific Airways” бархӯрд. Ҳеҷ кас осеб надидааст. Дар ҳавопаймои дуюм касе набуд, танҳо як қисми қаноти ҳавопаймои якум осеб дидааст, гуфт дар ин бора ширкати ҳавопаймоии Корея. Тобистони соли гузашта низ дар фурудгоҳи Токио ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд, ки ҳавопаймоҳои мусофирбарии ширкатҳои ҳавопаймоии Тайвании “EVA Air” ва “Thai Airways” бо ҳам бархӯрданд. Ҳавопаймои “EVA Air” 207 мусофир ва аъзои экипаж дошт. Дар ҳавопаймои “Thai Airways” бошад 264 нафар мусофир ҳузур доштанд. Дар натиҷаи бархӯрд боли ҳавопаймои дуюм осеб дида дар бораи осебдидагон хабар дода нашудааст.

Манбаъ: РБК, Aviation Explorer