Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

БАРРАСИИ ДАСТОВАРДҲОИ АВИАТСИЯ БО ХАБАРНИГОРОН

БАРРАСИИ ДАСТОВАРДҲОИ АВИАТСИЯ БО ХАБАРНИГОРОН
214

Чоп кардан

Санаи 31-уми январи соли 2024 дар толори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Сомон Эйр”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” бо намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид. Зимни нишасти матбуотӣ атрофи дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои фаъолияти босамар, беҳтар гардонидани фаъолияти авиатсионии ҷумҳурӣ, афзоиши парвозҳо ва ифтитоҳи долонҳои нав тавассути ҳарими ҳавоии кишвар, рушди ҳамкориҳо бо ширкатҳои сохтмонии иншоотҳои авиатсионӣ, истеҳсолкунандагони таҷҳизоти соҳаи авиатсионӣ, инчунин қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), таҳияи супоришҳои фаннӣ ва ҷалби сармоя барои модернизатсияву тармими низому таҷҳизотҳои таъминоти радиотехникиву метеорологӣ, ивази локаторҳои мухталифи гуногунхизмат, татбиқи нақшаи рушди соҳа, сифатнокии хизматрасониҳо ба талаботҳои муосири ҷаҳонӣ, мутобиқ намудани инфрасохтори соҳа ва натиҷаҳои назарраси бадастовардаи корхонаҳои соҳа дар соли 2023 мубодилаи афкор сурат гирифт. 

Ҳамчунин иброз гардид, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бо 28 кишварҳои ҷаҳон алоқаи ҳавоӣ дошта, бо мақсади рушди алоқаи ҳавоӣ бо кишварҳои дуру наздики олам  дар соли сипаригардида Лоиҳаи Созишномаҳои алоқаи ҳавоӣ бо Шри Ланка, Малайзия, Малдова, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Маҷористон ва дигар кишварҳои ҷаҳон таҳия ва дар баррасӣ қарор доранд.

Ёдовар бояд шуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баробари дигар  корхонаҳои авиатсионӣ соли 2023 дар самти татбиқу иҷроиши ҳадафҳои стратегӣ,  таъмини бехатарии парвоз, пешниҳоди хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, амалӣ намудани корҳои мунтазами методӣ бо барқарорнамоии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ, тарбия ва таъмини кадрҳои тахассусӣ ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба забономӯзӣ, хуб бароҳ мондани интизоми меҳнат ва  баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ масъулияти баланди меҳнатӣ нишон додааст.

     


Дар соли 2023 ифтитоҳи хатсайри нав ПОМИР–АГВУТ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки  бо дастгирии бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида, Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини соҳаи авиатсияи граждании ҳарду ҷониб ба имзо расид, яке аз дастовардҳои назарраси КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли сипаригардида мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади ноил шудан ба ин дастовард ва амалӣ гардидани иқдоми мазкур миёни намояндагони ҳарду ҷониб вохӯриҳои гуногунсатҳ баргузор ва дар натиҷа  таҷҳизотҳои зарурӣ дастрас ва насбу васл шуданд.

Инчунин дар соли 2023 корхона ба 51 530 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешкаш намуд, ки 5 068 адад, ё ин ки 11% зиёдтар нисбат ба нишондоди ҳамин фосилаи соли 2022 мебошад (соли 2022 – 46 462 адад буд), ин нишондод ба тамоми филиалҳои корхона марбут аст. Илова бар ин, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиву ватанӣ шумораи бештари парвозҳои нақшавию транзитӣ анҷом дода шуда, инчунин кушода шудани хатҳои парвозии нав тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои асосии афзоиш ба ҳисоб мераванд. Дар ин фосила, теъдоди парвозҳои транзитӣ 25 971 ададро ташкил дода, 2 360 адад, ё ин ки 10% зиёд нисбат ба соли 2022 мебошад (соли 2022 – 16 873 адад).

Дар баробари модернизиатсия таҷҳизот ва системаҳо роҳбарияти корхона дар доираи стратегияи дурбинонаи ҳукумати мамлакат ҳамкориҳои худро бо кишварҳои ҳамсоя рушд бахшид, ки ҳамчун далели тасдиқ ба имзо расидани ду адад ҳуҷҷати муҳим, аз ҷумла Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни Марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Тошканд ва Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни Марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Самарқандро, ки  ба таҳкими иқтидор ва имконотҳои фазои ҳавоии кишвар, таъмини бехатарии парвозҳо, афзоиш ёфтани парвозҳои транзитӣ аз масири ҳавоии мамлакат ва густариш додани ҳамкориҳои байнидавлатӣ мусоидат менамояд, ёдовар шуд. 

Таҷдиди таҷҳизот ва системаҳои хизматрасонӣ, хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ дар филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб дар баробари аэродроми шаҳри Душанбе рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҳамчунин насб гардидани таҷҳизотҳои метеорологӣ бо панелҳои офтобӣ дар фурудгоҳҳои маҳаллии ноҳияи Мурғоб, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Ҷиргатолро ҳам метавон дастоварди соли 2023 маҳсуб донист, ки тадбирҳои амалӣ гардида пешгӯии метеорологии авиатсиониро тибқи низоми “TAF” дар соли 2023 дар маҷмӯъ 93,1% расонд.  

 

Тарбия ва таъмини мутахассисони соҳа, такмили ихтисоси кормандон ва бозомӯзии онҳо мавриди диққати роҳбарият қарор дошта, дар соли 2023 шумораи зиёди кормандон дар кишварҳои хориҷ, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, Кореа, Сингапур, Чин ва дигар давлатҳои тараққикардаи олам таҷрибаи тахассусӣ бардоштанд, ки он ба сифату самарнокии фаъолият, таъмини бехатарии паврозҳои киштиҳои ҳавопаймоӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири амиқ мегузорад.

Дар фарҷоми нишаст роҳбарияти Агентӣ ва роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ ба намояндагони васоити ахбори омма доир ба ифтитоҳи долонҳои нав, фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рақамикунонии пардохтҳо дар фурудгоҳҳои кишвар маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.  

 

 

 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”