Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН ДАР АМАЛИЁТИ НАҶОТДИҲӢ

ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН ДАР АМАЛИЁТИ НАҶОТДИҲӢ
123

Чоп кардан

Пас аз заминларзае, ки санаи 18-уми декабри соли 2023 дар вилояти Гансу (Шимоли Ғарби Чин) рух дод Wing Loong-2H ҳавопаймои бесарнишин (UAV)-и чинӣ фаъолияти наҷотдиҳиро оғоз намуд. Дар минтақаҳои офатҳои табиӣ, ҳавопаймои бесарнишини мазкур маълумотро оид ба ҳолати манзили истиқоматии сокинон, инфрасохтор ва дигар дороиҳои заминӣ назорат ва ирсол намуд. Ҳавопаймои бесарнишин ба роҳбарони гурӯҳи наҷотдиҳӣ иттилооти видеоӣ, аудиоӣ ва рақамиро аз манотиқи аз зилзила осебдида таъмин намуда, ба онҳо дар идора ва паҳн намудани амалиётҳои наҷотдиҳии муассир ва дақиқ кӯмак мерасонад. Тавре ки аз ҷониби AVIC қайд шуд, Wing Loong-2H дорои қобилияти нигоҳ доштани муддати тӯлонӣ дар ҳаво, ҳамчун пойгоҳи ҳавоӣ барои хизматрасонии алоқа хизмат мекунад, ки огоҳии устувор ва пайвастаро дар майдони тақрибан 50 метри мураббаъ таъмин менамояд. Ҳавопаймои бесарнишин инчунин қодир аст дар шароити шамоли шадид фаъолият намуда, миссияҳои ёрии таъҷилӣ ва наҷотдиҳӣ, аз ҷумла мониторинги минтақаи офат, дастгирии иртиботот ва интиқоли борро иҷро намояд. Қабл аз амалиёти наҷот дар Гансу, Wing Loong-2H аллакай якчанд миссияро дар шароити шадид, аз қабили тӯфон, заминларза ва борони шадид бомуваффақият анҷом дода буд.

Манбаъ: СИНЬХУА