Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
110

Чоп кардан

Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2024 бо иштироки муовини сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амирзода Маҳмуд, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода Дилшод, муовини Директори Агентии авиатсияи гражданӣ - Набизода Азиз, муовини Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” – Саидзода Раҳимҷон,  муовини Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” - Маликзода Аслиддин, муовини аввали директори ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” - Юсупов Абдусаттор, Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” – Ҳомидзода Нуралӣ, Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” – Абдурашидзода Фарҳод, муовини директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” – Ҳамроев Фируз, муовини директори генералии ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” – Қурбонов Алимаҳмад ва сардорони раёсату шӯъбаҳо, бахш ва кормандони Дастгоҳи марказии  Агентии авиатсияи гражданӣ  баргузор гардид.

***

Парвози мустақим миёни Даляни Чин ва Китакюшуи Ҷопон пас аз 4 сол санаи 8-уми январ барқарор гардид.

***

Модернизатсияи фурудгоҳи Остона дар баҳори соли 2024 оғоз мегардад.

***

Дар шимолу шарқи вилояти Амур таҷдиди фурудгоҳи Зея анчом ёфт.

***

Ҳавопаймои Су-22-и Нерӯҳои ҳавоии Ветнам ҳангоми парвози омӯзишӣ дар музофоти марказии Куангнам суқут намуд.

***

Гуруҳи олимони Донишкадаи авиатсионии Москва ва Академияи ҳарбӣ технологияеро таҳия намуданд, ки бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин ноқилҳои зеризаминии барқии корношоям гардидаро ошкор менамояд.

***

Дар 4 фурудгоҳи Ӯзбекистон,  Навой, Қарши, Нукус ва Термиз низоми “Tax Free” ҷорӣ гардид, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ баргардонидани маблағҳои андози аз арзиши иловашударо ҳангоми тиҷорати чаканаи баъзе намудҳои мол дар Ӯзбекистонро таъмин менамояд.

***

Ширкати “Уралские авиалинии” пас аз тақрибан ду соли танаффус парвозҳоро аз Москва, Екатеринбург ва Сочи ба Арманистон барқарор менамояд.

***

Бахшида ба 90-солагии ширкати “Россия” логотопи нави ширкат омода гардид.

***

Созишномаи навбатӣ оид ба мубодилаи рамзҳо миёни ширкатҳои “NordStar Airlines” ва “Red Wings Airlines” ба имзо расид.

***

Истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Томск дар моҳи феврали соли 2024 муассисаи омӯзиши сарнишинони ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ пешбини гардидааст, ифтитоҳ менамояд.

***

Олмон барои интиқоли эҳтимолии Eurofighters ба Арабистони Саудӣ мухолифат намекунад.

***

Чангу ғубор фаъолияти фурудгоҳи Бухороро маҳдуд намуд, ки 2 парвози ширкати “Uzbekistan Airways” дар фурудгоҳҳои Самарқанд ва Навоӣ фуруд омад.

***

Дар ҷадвали парвозҳои фурудгоҳи Курумоч дар моҳи январи соли 2024 парвозҳои нав ба самти Махачқалъа, Челябинск, Новий Уренгой ва Волгоград илова гардиданд.

***

Ширкати “Gama Aviation” хадамоти хизматрасонии тиббии таъҷилии Британияи Кабир (EMS) “Specialist Aviation Services”-ро харидорӣ менамояд.

***

Ширкати ҳавопаймоии Тайванӣ “EVA Air” 18 адад ҳавопаймои Airbus A350-1000 ва 15 адад A321neo-ро харидорӣ менамояд.

***

(Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Aviation Explorer, https://news.mail.ru/tag/306/, Flight Global, Aviation Source News)