Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
97

Чоп кардан

Санаи 21-уми декабр, ширкати “China Southern Airlines” расман масири Гуанчжоу-Чжэнчжоу-Люксембургро ифтитоҳ ва амалӣ намуд.

***

Санаи 24-уми декабр парвози нав аз Владивосток ба Чин оғоз гардид, ки аз ҷониби ширкати “Россия” аз Харбин ба пойтахти музофоти шимолии Чин – Ҳейлонҷзян амалӣ гардид.

***

Ширкати “Boeing” аввалин ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner-ро ба ширкати ҳавопаймоии Чин “Juneyao Airlines” интиқол дод.  

***

Фурудгоҳи Эдинбург ин ҳафта нақшаҳои афзоишро муаррифӣ намуд, ки ширкати чинии “Hainan Airlines” парвозҳоро дар соли оянда амалӣ хоҳад намуд.

***

Ҳайати КВД “Қазаэронавигатсия” аз “Корхонаи воҳиди давлатии федералии “Корпоратсияи давлатии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар Федератсияи Россия” дидан намуда, масъалаҳои табодули фаврии иттилоот байни мақомоти марбутаи хадамоти ҳаракати ҳавоӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.

***

Ширкати “Air Astana” вазифадор карда шуд, ки барои иваз намудани ҳавопаймо ҷуброн пардохт намояд. Гуфта мешавад, ки дар соли 2023 ширкати “Air Astana” 31 ҳазору 588 парвоз анҷом додааст, ки аз онҳо дар 226 парвоз ҳавопаймоҳои “Air Astana” бо ҳавопаймои ширкати “Fly Arystan” иваз карда шудаанд, ки 0,7% аз шумораи умумии парвозҳои анҷомшударо ташкил медиҳад.

***

Маъмурияти авиатсияи Қазоқистон ва Агентии Аврупо оид ба бехатарии ҳавоӣ (EASA) созишномаеро имзо намуданд, ки ҳадафи он мутобиқ намудани стандартҳои авиатсияи граждании ҷумҳурӣ ба стандартҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад.

***

Бо даъвати ширкати Nippon Electric Corporation (NEC)-и Ҷопон аз 19-ум то 21-уми декабри соли 2023 ҳайати КВД “Ӯзаэронавигатсия” аз корхонаи ширкат дар Фучу ва фурудгоҳи Ҳанеда дар Токио дидан намуданд. NEC яке аз таъминкунандагони асосии таҷҳизоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Дар ҷараёни сафар ҳайат бо марҳилаҳои истеҳсоли таҷҳизоти ATC/NAV дар корхонаи NEC, ки дар шаҳри Футу воқеъ аст, шинос шуданд.

***

Мутахассисони КВД “Ӯзаэронавигатсия” аз 11-ум то 15-уми декабр дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) курсҳои OJTI (инструктори таълими оид ба кор) ва STDI (STDI-инструктори дастгоҳи синтетикӣ)-ро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби сертификати байналмилалии тасдиқшудаи ИКАО гардиданд.

***

Бо ҷалби намояндаи маркази таълимии SKY EDUCATION санаи 19-уми декабри соли 2023 барои мутахассисони Маҷмааи таълимию муназзимӣ Маҳфили гуфтор ташкил карда шуд, ки мавзӯи чорабиниро “Нақши зеҳни сунъӣ дар ҷомеа”  ташкил дод.

***

Имрӯзҳо ширкатҳои бештари ҳавопаймоӣ ҷорӣ намудани сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тозаро дастгирӣ менамоянд. Истифода бурдани сӯзишвории тозаи авиатсионӣ дар асоси принсипи сӯзишвории “фаъолшаванда” бо оғози парвозҳои муҳим суръат мегирад. Ҳукумат ва ширкатҳои нафтӣ низ бояд ҷалб шаванд.

***

Ширкати “Белавиа” дар рейтинги беҳтарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар “Perfect Timing Awards 2023”-и фурудгоҳи Шереметево мақоми аввалро ишғол намуд.

***

Ширкати Фурудгоҳҳои Таиланд сохтмони ду фурудгоҳ дар наздикии минтақаҳои машҳури сайёҳиро пешбинӣ менамояд.

***

Аввалин ҳавопаймои “Airbus A350-900” ширкати Air India дар Деҳлӣ аз Тулуза интиқол дода шуд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines, КВД “Ӯзаэронавигатсия”)