Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИХИ БАРҶАСТА

МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИХИ БАРҶАСТА
154

Чоп кардан

Санаи 21-уми декабри соли 2023 тибқи Нақшаи хонишҳои идоравии кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар толори маҷлисгоҳ ҷорабини баргузор ва дар он мавзӯъҳои татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар ва нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар ташаккул ва таърихи халқи тоҷик матраҳ гардиданд.

 “Дар амал татбиқ ёфтани самтҳои стратегии давлат ва ҳукумат тибқи “Паём”-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон” мавзӯъи баромади дастуркори Шуъбаи муҳофизати иншоотҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Сироҷиддинов Шамсиддин буд, ки ҷанбаҳои гуногуни татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирифт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон 4 ҳадафи стратегии худро муайн намуд, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Ҳангоми таҳлили раванди амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, диққати кормандон ба раванди татбиқи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ равона гардид. Гуфта шуд, ки сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиёт, ки мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошанд, ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун бароварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил медиҳад. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 фурудгоҳи байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки дар пешниҳоди хизматрасониҳои сатҳи баланд дар фурудгоҳҳои мазкур КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ нақши калидӣ мебозад.

 

Мудири бойгонии Раёсати кадрҳо ва меҳнати корхона Зикаева Сарвиноз дар мавзӯъи “Қаҳрамони Тоҷикистон – Бобоҷон Ғафуров” суханронӣ намуда ҳозиринро бо саҳм ва хизматҳои шоистаи қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи Илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ошно намуд. Аз ҷумла баён дошт, ки академик Бобоҷон Ғафуров дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшида, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ саҳми бисёр муассир гузошт. Натиҷаи таҳқиқоти бунёдӣ доир ба таърихи миллати тоҷик  китоби “Тоҷикон” мебошад. Китоби мазкур ба забонҳои англисӣ, ҷопонӣ, полякӣ, чинӣ, арабӣ ва фаронсавӣ тарҷума, нашр ва тавассути расонаҳои интернетӣ ба ихтиёри хонандагон ва дӯстдорони таърихи бостонии халқи тоҷик гузошта шудааст. “Тоҷикон” барои ҳавзаи фарҳангии забони тоҷикӣ – форсӣ, пеш аз ҳама, Афғонистон ва Эрон низ бо хати ниёгон ба табъ расидааст.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони тоҷикӣ нашр ва ба ҳар хонадон эҳдо шуд. Ҳамзамон 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдати бо иштироки Пешвои муаззами миллат, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардид.

 

Илова бар ин Муовини сардори Маркази таълимии авиатсионӣ Аббоси Афсаҳзода ба сухан баромада, аз саҳм ва хизматҳои Бобоҷон Ғафуров дар ҷалби сокинони ҷумҳурӣ ба омӯзиш дар муассисаҳои таълимии Иттиҳоди Шӯравӣ, чоп гардидани китобҳо оид ба таърихи халқӣ тоҷик ва дар ҷаҳон эътироф гардидани ин шахсият ҳамчун шарқшинос андешаҳои бикр баён гардид.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”