ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
9 ноябри соли 2026 ҳавопаймои A350-1000ULR (Ultra-Long Range)-и ширкати «Airbus», ки дар доираи лоиҳаи «Sunrise» барои ширкати «Qantas Airways» таҳия шудааст, парвози тиҷоратиро дар масофаи тӯлонӣ анҷом дода, рекорди ҷаҳонии Гиннесро ба даст овард. Парвоз 24 соату 24 дақиқа идома ёфт.
***
Тибқи иттилои сомонаҳои расмӣ, истифодабарандагони фазои ҳавоии Афғонистон барои анҷом додани парвоз тавассути ҳарими ҳавоии ин кишвар бояд на камтар аз 48 соат пеш иҷозати пешакӣ гиранд. Барои ҳар як ҳавопаймо пардохти 700 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
***
Шӯрои машваратии техникии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) дархости Федератсияи Россияро оид ба аккредитатсияи низоми CORSIA баррасӣ карда, пешниҳод намуд, ки он пас аз таҷдиди назар дар соли 2027 дубора пешниҳод карда шавад.
***
Бузургтарин бонки Ҷопон — «MUFG Bank» ва 14 ширкати дигар аз соҳаҳои гуногун имконияти роҳандозии хизматрасонии таксиҳои парвозкунандаи тиҷоратиро дар ин кишвар то соли 2028 меомӯзанд.
***
Ҳавопаймои ширкати «China Southern Airlines» бо рақами парвози CZ3599 нахустин парвози худро аз шаҳри Гуанчжоу бо истифода аз сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF) анҷом дод. Ин нахустин парвози ҳавопаймои C919 бо истифода аз чунин навъи сӯзишворӣ мебошад.
***
Ширкатҳои «Safran» ва «UVAD Technologies» созишномаеро оид ба истеҳсоли муҳаррикҳо барои ҳавопаймоҳои Falcon ба имзо расониданд.
***
Ширкати «Vertaxi Aviation Technology»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ният дорад, ки аз соли 2030 интиқоли мусофиронро тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин дар хатсайрҳои махсус ба роҳ монад.
***
Ширкати «Cathay» барои харидории ҳавопаймоҳои иловагии A330neo ва A321neo фармоиш дод.
***
Ширкати «Leonardo DRS» системаҳои муҳофизатиро барои чархболҳои AH-1Z ва UH-1Y истеҳсол мекунад. Ин системаҳо чархболҳоро аз таҳдидҳои ҳавоӣ муҳофизат менамоянд.
***
Ҳавонавардони ширкатҳои «Alaska Airlines» ва «Hawaiian Airlines» оид ба татбиқи созишномаи муштараки арзишаш 1,9 миллиард доллари ИМА ба мувофиқа расиданд.
***
Ширкати «United Airlines» пас аз тақрибан 10 сол парвозҳои ҳаррӯзаи худро дар хатсайри Хюстон — Каракас аз 13 январи соли 2027 барқарор менамояд.
***
Дар доираи таҷдиди парки ҳавопаймоӣ ширкати «Lufthansa» нахустин ҳавопаймои Airbus A350-1000-и худро расман дастрас намуд.
***
10 ноябри соли 2026 тумани зич боиси халалдор шудани парвозу фуруд дар як қатор фурудгоҳҳои Британияи Кабир гардид. Дар натиҷа, баъзе парвозҳо лағв шуданд.
***
5 ноябри соли 2026 Маъмурияти федералии авиатсионии ИМА (FAA) иваз намудани таҷҳизоти кӯҳнаро дар садҳо иншооти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ оғоз кард. Ин иншоотҳо, ки аз солҳои 1980-ум истифода мешаванд, то ҳол барои нигоҳдории маълумоти муҳим, аз ҷумла маълумоти обу ҳаво, огоҳиномаҳои парвозӣ ва маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ, аз дискетҳо истифода мебаранд. FAA татбиқи низоми нави намоиши иттилоот — Enterprise Information Display System (E-IDS)-ро ба роҳ мондааст.
***
(Манбаъ: Aviation Explorer, Simply Flying, Flight Global, FL360aero, https://news.mail.ru/tag/306/, Arab Vines, Aviation Source News)


































