Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
87

Чоп кардан

Ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор рафта, заминаи устувори истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро фароҳам овард.

Дар ин раванд, бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, барои пешрафти устувори кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Имрӯз Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва рамзи соҳибистиқлоливу ваҳдати миллӣ дар таҳкими суботу оромӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар нақши муҳим дорад.

Мо, кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ низ, бо масъулияти баланди касбӣ дар роҳи рушди соҳа, таъмини бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифати аэронавигатсионӣ саҳми худро мегузорем.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, саодати рӯзгор, барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Бо эҳтиром, директори генералии

   КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

    Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон