Агентство гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан
ГОСУДАРСТВЕННОЕ УНИТАРНОЕ ПРЕДПРИЯТИЕ "ТАДЖИКАЭРОНАВИГАЦИЯ"

ҶОРӢ ГАРДИДАНИ ИҶОЗАТНОМАҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ ВУРУД ДАР ҚАЗОҚИСТОН

ҶОРӢ ГАРДИДАНИ ИҶОЗАТНОМАҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ ВУРУД ДАР ҚАЗОҚИСТОН
18

Версия для печати

Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон қоидаҳои нави вуруди шаҳрвандони хориҷиро тасдиқ намуд, ки тибқи онҳо аз 24 октябри соли 2026 низоми иҷозатномаи электронии вуруд (ETA) ҷорӣ карда мешавад. Иҷозатномаи мазкур ройгон буда, тавассути платформаи рақамӣ дастрас мегардад. Дар ин бора сомонаи иттилоотии «AVIA.RU» хабар медиҳад.

Мувофиқи талаботи нав, дархост барои гирифтани иҷозатномаи электронӣ бояд на камтар аз 72 соат пеш аз сафар пешниҳод карда шавад. Ҳангоми пешниҳоди дархост тасдиқи шахсият талаб карда мешавад. Иҷозатнома дар давоми 180 рӯзи тақвимӣ эътибор дорад. Ҳуҷҷате, ки ҳангоми пешниҳоди дархост истифода шудааст, бояд ҳангоми убури сарҳад низ пешниҳод карда шавад.

Ҷорӣ намудани низоми мазкур марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, аз 1 ноябри соли 2026 он дар фурудгоҳи Актау ва гузаргоҳҳои сарҳадии Урлютобе, Аухатти, Атамекен ва Нурли Жол, аз 1 январи соли 2027 дар фурудгоҳҳои Остона ва Алмаато ва аз 1 марти соли 2027 дар дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷорӣ карда мешавад. Аз 1 июли соли 2027 доштани иҷозатномаи электронии вуруд ҳатмӣ мегардад.

То 1 июли соли 2027 надоштани иҷозатномаи электронӣ барои рад кардани вуруд ба Қазоқистон асос шуда наметавонад. Дар давраи гузариш ба сайёҳон дар бораи зарурати гирифтани иҷозатномаи мазкур маълумот дода мешавад. Пас аз анҷоми ин давра, вуруд ба кишвар бидуни ETA метавонад рад карда шавад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, кӯдакони то 16-сола, шаҳрвандони аз 65-сола боло, дорандагони раводидҳои эътиборнок, иҷозатномаҳои муваққатӣ ва доимии истиқомат дар Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин мусофирони транзитие, ки минтақаи транзитии фурудгоҳро тарк намекунанд, аз ин талабот озод мебошанд. Барои баъзе категорияҳои дигари шаҳрвандон низ истисноҳо пешбинӣ шудаанд.

Талаботи будубоши шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бетағйир боқӣ мемонад. Тибқи ин талабот, муҳлати будубош дар Қазоқистон то 90 рӯз аз рӯзи вурудро ташкил дода, дар маҷмӯъ набояд аз 90 рӯз дар давоми ҳар як давраи 180-рӯза зиёд бошад.

Ҳамзамон, бояд ба назар гирифт, ки муҳлати 180-рӯзаи эътибори иҷозатномаи электронии вуруд маънои онро надорад, ки дорандаи он метавонад дар тамоми ин давра пайваста дар қаламрави Қазоқистон қарор дошта бошад.

1 Comment

  • lenagregorcic

    Wow, that is just amazing!

Write a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *