ТАВАҶҶУҲИ ПАЙВАСТА БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ — КАФИЛИ МУҲИТИ СОЛИМИ КОРӢ
Рушди устувори ҳар як ташкилоту муассиса пеш аз ҳама ба риояи қонун, интизоми хизматӣ, масъулияти кормандон ва мавҷудияти муҳити солиму шаффофи корӣ вобаста мебошад. Дар ин раванд, пешгирии коррупсия яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, муносибати ҷиддӣ ва пайвастаи роҳбарият ва кормандонро тақозо менамояд. Зеро фаъолияти самаранок ва эътимодбахши ҳар як муассиса дар шароите таъмин мегардад, ки қонуният, поквиҷдонӣ ва адолат арзишҳои асосии фаъолияти ҳаррӯза бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мубориза бо коррупсия ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар суханрониҳои худ зарурати риояи қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими масъулияти хизматиро таъкид менамоянд. Ин равиш ҳар як сохтору муассисаро водор месозад, ки дар доираи ваколатҳои худ барои пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб чораҳои зарурӣ андешида, ба ташаккули муҳити кории шаффофу солим мусоидат намояд.
Дар ин замина, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи пешгирии коррупсияро яке аз самтҳои муҳими риояи қонуният ва таъмини интизоми хизматӣ арзёбӣ менамояд. Роҳбарияти корхона ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар мулоқоту ҷаласаҳои корӣ зарурати риояи талаботи қонунгузорӣ, муносибати софдилона ба иҷрои вазифаҳо ва роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои ғайриқонуниро пайваста таъкид мекунад.
Мавқеи роҳбарият дар ин самт аз он иборат аст, ки ҳар як корманд бояд вазифаи хизматии худро бо масъулият, виҷдони пок ва эҳтиром ба манфиатҳои давлату корхона иҷро намояд. Чунин муносибат барои таҳкими интизоми меҳнат, баланд бардоштани сифати фаъолият ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам меорад.
Пешгирии коррупсия танҳо бо қабули санадҳо маҳдуд намешавад. Муҳим он аст, ки талаботи қонун дар амал татбиқ гардида, ҳар як корманд меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти худро риоя намояд. Иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, истифодаи мақсадноки молу мулки давлатӣ, муносибати одилона ба ҳамкорон ва эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои дигарон аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки барои ташаккули муҳити солими корӣ аҳаммияти калон доранд.
Бо назардошти хусусияти фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ки дар таъмини хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва бехатарии парвозҳо нақши муҳим дорад, риояи интизом, дақиқкорӣ ва масъулияти касбӣ аҳаммияти хос касб мекунад. Дар чунин соҳа ҳар як корманд бояд дарк намояд, ки муносибати софдилона ба вазифа на танҳо нишондиҳандаи фарҳанги касбӣ, балки қисми муҳими масъулияти ӯ дар назди давлат ва ҷомеа мебошад.
Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи роҳбарияти корхона ба пешгирии коррупсия бояд бо иштироки фаъолонаи ҳар як корманд тақвият ёбад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳӣ аз талаботи қонунгузорӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо ва муносибати оштинопазир ба ҳар гуна амали ғайриқонунӣ аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки иҷрои онҳо ба манфиати тамоми коллектив аст.
Ҳамзамон, ташаккули муҳити корие, ки дар он кормандон уҳдадориҳои худро бо виҷдони пок иҷро мекунанд, ба таҳкими эътимоди мутақобила, беҳтар шудани муносибатҳои хизматӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолият мусоидат менамояд. Ин раванд танҳо дар сурати ҳамкории роҳбарият ва кормандон, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва муносибати масъулона ба вазифаҳои ба зиммагирифташуда натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Дар маҷмӯъ, пешгирии коррупсия масъулияти муштарак буда, аз муносибати ҳар як шахс ба қонун, вазифа ва манфиатҳои ҷомеа оғоз меёбад. Таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба ин масъала ва таъкиди риояи талаботи қонунгузорӣ барои таҳкими интизоми хизматӣ ва нигоҳ доштани муҳити солими корӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.
Поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун бояд меъёри асосии фаъолияти ҳар як корманд бошанд. Зеро пешгирии коррупсия танҳо вазифаи як сохтори алоҳида нест, балки масъулияти ҳар яки мост, ки иҷрои он ба рушди устувори корхона, ҳифзи манфиатҳои давлат ва таҳкими эътимоди ҷомеа мусоидат менамояд.
Ҳусниддин Холов
сардори Маркази матбуоти
КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































