Бо вуҷуди саҳмииқтисодӣ ва иҷтимоии худ, боркашонии ҳавоӣ аксар вақт дар тақсимоти ҷойҳо дарфурудгоҳҳо бо монеаҳои назаррас рӯбарӯ мешавад. Бисёре аз фурудгоҳҳо, аз ҷумла Богота ва Дубай, интиқоли борро ба ҷойҳои муваққатӣ ва махсус маҳдуд мекунанд. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, парвозҳои боркашонӣ ба давраи аз нисфи шаб то соати 6-и субҳ маҳдуд карда мешаванд. Фурудгоҳҳои бузурги Британияи Кабир, аз ҷумла Хитроу ва Гатвик, чандирии амалиётии боркашонии ҳавоиро маҳдуд менамоянд.
Маҳдудиятҳои таваққуфгоҳмушкилиро боз ҳам шадидтар мекунанд. Операторҳои боркашонӣ нисбат ба ширкатҳоимусофирбар метавонанд бо вақти кӯтоҳтарини таваққуф маҳдуд карда мешаванд, масалан,10 соат дар муқоиса бо 12 соат дар Ҳонконг, ки банақшагириро душвор мегардонад. Қоидаҳои маҳаллӣ, тартиби овоздиҳии кумитаҳо, ки аксар вақт ба ширкатҳои ҳавопаймоии мусофирбар афзалият медиҳанд ва монеаҳои иловагии амалиётӣ, азқабили вақти комендантӣ, маҳдудиятҳои вақт ва ҳатто манъи пурра дар шаҳрҳо, мисли Мехико ё Мумбай, дастрасиро ба хизматрасонии боркашонӣ боз ҳам мушкилтар мегардонад.
Шояд сабаби асосиинодида гирифтани хизматрасонии боркашонӣ дар тақсимоти ҷойҳо таъсири ҷонибҳоиманфиатдор бошад, на огоҳ набудани арзиши иқтисодии онҳо. Маҳдудиятҳои инфрасохторӣ ва қоидаҳои маҳаллӣ низ нақш мебозанд, ки муҳити мураккабро барои операторони боркашонӣ эҷод мекунанд.
Дар ин замина Дастурамалҳоитақсимоти ҷойҳо дар фурудгоҳҳои ҷаҳонӣ (IATA Worldwide Airport Slot Guidelines-WASG)-ии IATA барои тақсимоти одилона, ғайритабъизӣ ва шаффоф дар фурудгоҳҳои ҷаҳонновобаста аз намуди фаъолият даъват намуда, аз танзимгарон, операторонифурудгоҳҳо ва ҳамоҳангсозони ҷойҳо даъват ба амал меовард, ки қоидаҳоимаҳаллиро баррасӣ ва ба принсипҳои WASG мутобиқ намоянд. Маҳдуд кардани ҷойҳои таваққуфиширкатҳои боркашонӣ роҳи ҳал нест – он метавонад ба бесамарӣ ва оқибатҳоиноматлуб оварда расонад. IATA тавсия медиҳад, ки таваҷҷӯҳи асосӣ бояд ба ҳаддиаксар расонидани иқтидори фурудгоҳ барои ҳамаи корбарон равона карда шавад.