DataLife Engine / ИШТИРОКИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ҶАЛАСАИ ICAO RDGE/33

ИШТИРОКИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ҶАЛАСАИ ICAO RDGE/33

Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар ҷаласаи 33-юми махсуси ҳамоҳангсозии гурӯҳи кории Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (International Civil Aviation Organization – ICAO) оид ба такмили хатсайрҳои ҳавоии минтақаи шарқ – ICAO RDGE/33, ки аз 18 то 22 майи соли 2026 дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкур намояндагони мақомоти авиатсионии кишварҳо, коршиносони соҳаи аэронавигатсия ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳам оварда, ба баррасии масъалаҳои муҳими такмили фазои ҳавоӣ, таъсиси хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва ҳалли мушкилоти авиатсияи минтақавӣ бахшида шуд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ намудани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба хатсайрҳои амалкунанда, инчунин дурнамои таҳияи консепсияи фазои ҳавоии озод (Free Route Airspace – FRA) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки татбиқи чунин ташаббусҳо ба коҳиш додани вақти парвоз, сарфаи сӯзишворӣ ва паст намудани таъсири манфии авиатсия ба муҳити зист мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ миёни мақомоти шаҳрвандӣ ва низомӣ, инчунин мушкилоти вобаста ба дахолат ба сигналҳои GNSS/GPS-ро муҳокима намуданд.

Қобили зикр аст, ки RDGE гурӯҳи кории Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) буда, ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди хатсайрҳои ҳавоӣ, такмили фазои ҳавоӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии минтақавӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад.

Иштироки мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳои соҳавӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад.

     Маркази матбуоти 

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
Вчера, 15:20
Вернуться назад