Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз иқдомҳои муҳиму саривақтии давлат ба шумор рафта, дар самти ба низом даровардани расму ойинҳо, пешгирии исрофкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир дорад. Ин қонун бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, имрӯз ҳамчун санади муҳими иҷтимоӣ барои ҳифзи манфиатҳои мардум хизмат менамояд.
Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд:
“Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани ҳурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад.”
Дар баробари ин, қонуни мазкур бо такя ба арзишҳои миллӣ, аҳкоми шариати исломӣ ва дар асоси машварату пешниҳоди уламои маъруфи кишвар таҳия гардида, барои ташаккули фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Яке аз ҷашнҳои муқаддаси дини ислом – Иди Қурбон низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи ҳамин қонун таҷлил карда мешавад. Моҳияти аслии ин иди муборак дар меҳрубонӣ, саховатмандӣ, дастгирии ниёзмандон ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ифода меёбад. Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои қонун ҳангоми баргузории Иди Қурбон барои пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва намоишкорӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Мутобиқи талаботи қонун, шаҳрвандон бояд аз баргузории маъракаҳои пурдабдаба, зиёфатҳои серхарҷ ва даъвати бемавриди меҳмонони зиёд худдорӣ намоянд. Ҳамчунин, анҷом додани қурбонӣ бояд бо риояи меъёрҳои шариат ва талаботи муқарраргардидаи қонун сурат гирифта, бештар ба корҳои хайриявӣ ва кумак ба оилаҳои ниёзманд равона карда шавад.
Таҷлили Иди Қурбон дар рӯҳияи сарфаю сариштакорӣ ва оддиву самимӣ ба баланд гардидани маърифати ҷомеа мусоидат намуда, мардумро аз қарздоршавӣ ва мушкилоти молиявӣ эмин нигоҳ медорад. Зеро ҳадафи асосии қонун маҳдуд сохтани шодиву маъракаҳо нест, балки ташкили онҳо дар доираи имконият ва бо риояи фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар ин замина, ҳайати комиссияи танзими ҷашну маросими Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” миёни кормандон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати татбиқи талаботи қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Бешубҳа, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳангоми таҷлили Иди Қурбон барои ташкили маъракаҳо дар фазои орому самимӣ, сарфакорона ва маънавӣ мусоидат намуда, дар рушди ҷомеаи мутамаддин ва зиндагии шоистаи мардум нақши муҳим мегузорад.
Сарвиноз Зикаева
Мудири шуъбаи бойгонии
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”