Тибқи гузориши “Cirium EmeraldSky Review 2025”, ширкати ҳавопаймоии “Qatar Airways” аз лиҳози коҳиши партовҳои гази карбон дар байни бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон мақоми аввалро ишғол намудааст.
Платформаи “EmeraldSky” самаранокии экологии 100 ширкати бузурги ҳавопаймоиро бо истифода аз нишондиҳандаи байналмилалии партовҳои CO2 барои як километри нишасти мавҷуда (Available Seat Kilometre – ASK) арзёбӣ кардааст. Ин нишондиҳанда тавассути зарб намудани шумораи ҷойҳои нишаст ба масофаи парвоз ҳисоб гардида, имконият медиҳад фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии дорои андозаҳои гуногун ба таври воқеъбинона муқоиса карда шавад.
Ширкати ҳавопаймоии “Qatar Airways”, ки маркази он дар шаҳри Доҳа ҷойгир аст, нишондиҳандаи 60 грамм партови CO2-ро сабт намудааст. Дар ҷойҳои баъдӣ ширкатҳои “Ryanair” бо нишондиҳандаи 62,7 ва “Turkish Airlines” бо нишондиҳандаи 64,2 қарор гирифтаанд.
Ба даст овардани чунин натиҷа ба фаъолияти самараноки “Qatar Airways” вобастагии мустақим дорад. Ин ширкат асосан дар масирҳои зиёда аз 4221 километр парвоз анҷом медиҳад ва дорои парки нисбатан ҷавони ҳавопаймоҳо мебошад. Синни миёнаи ҳавопаймоҳои ширкат 10,2 солро ташкил медиҳад, ки ба коҳиши истеъмоли сӯзишворӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, ширкат зиёда аз 80 ташаббуси сарфаи сӯзишвориро амалӣ намудааст, ки беҳсозии хатсайрҳои парвоз, кам намудани вазни ҳавопаймо ва истифодаи технологияҳои муосирро дар бар мегирад.
“Qatar Airways” инчунин барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати экологӣ, аз ҷумла тавсеаи истифодаи сӯзишвории устувори ҳавопаймоӣ (SAF) ва коҳиши партовҳои карбон то сатҳи сифрӣ то соли 2050, уҳдадор гардидааст.
Дар баробари ин ширкат, интиқолдиҳандаи дигари масофаи дур — “Emirates” низ ба панҷгонаи беҳтарин дохил шудааст. Ҳаҷми партовҳои он ба ҳар 1000 мусофир 68 грамм CO2-ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки ин ширкати ҳавопаймоии мустақар дар Дубай тӯлонитарин парвозҳоро анҷом дода, аз ҳавопаймоҳои бузургҳаҷм истифода мебарад, нишондиҳандаи партовҳои он нисбат ба соли гузашта 1,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар байни ширкатҳои ҳавопаймоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, “Southwest Airlines” бо нишондиҳандаи ASK-и 67,8 пешсаф гардида, дар феҳристи умумӣ ҷойи чорумро касб намудааст.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Мардумии Чин — “China Southern Airlines” ва “China Eastern Airlines” бошанд, натиҷаҳои мухталиф нишон додаанд. Ширкати аввал ба коҳиши назарраси солонаи партовҳо — 2,3 фоиз ноил гардида, ширкати дуюм баландтарин сатҳи афзоиши умумии партовҳоро — 6,1 фоиз сабт кардааст.
10 ширкати ҳавопаймоии аз ҷиҳати экологӣ тозатарини ҷаҳон тибқи арзёбии “EmeraldSky”:
Qatar Airways — 60;
Ryanair — 62,7;
Turkish Airlines — 64,2;
Southwest Airlines — 67,8;
Emirates — 68;
United Airlines — 69,9;
China Southern Airlines — 71,4;
Delta Air Lines — 72,1;
American Airlines — 75;
China Eastern Airlines — 77,6.