DataLife Engine / Нишасти матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ

Санаи 1-уми феврали соли 2023 нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба ҷамъбасти соли 2022 баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ  оид ба натиҷаҳои фаъолият ва корҳои авиатсионии кишвар дар соли 2022 ахборот доданд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон аз АМИТ “Ховар”, телевизион ва радиоҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон” телевизиони “МИР” ва дигар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Таваҷҷуҳи бештари рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои кушодани хатсайрҳои нав, парвозҳои мустақим ба давлатҳои минтақаи Қафқоз, Покистон Арабистони Саудӣ, Урумчии Вилояти Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, харидории ҳавопаймоҳои нав, хизматрасонӣ ва нақшаҳои кории ҶСК «Тоҷик Эйр» дар соли 2023 дода мешуд.

Дар фарҷом роҳбарияти авиатсияи гражданӣ ба намояндагони васоити ахбори омма барои ба соҳа таваҷҷўҳи беандоза зоҳир намудан ва аз ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахш изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 
2 фев
Вернуться назад