DataLife Engine / НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ»

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ»

13-уми октябри соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур, муовини директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  Раҳимҷон Саидзода, сардорони сохторҳо ва кормандон ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхона дар нуҳ моҳи соли 2026 ва вазифаҳои минбаъда баргузор шуд.

Дар баромади ҳисоботии худ муовини директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Раҳимҷон Саидзода иттилоъ дод, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо тамоми филиалҳои корхона ба 38 926 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат расонида, дар ин фосила теъдоди парвозҳои транзитӣ 21 072 ададро ташкил дод.

Дар ҷаласа изҳор гардид, ки ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири аэронавигатсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки соҳа дар 9 моҳи соли 2026 як қатор корҳои муҳим дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» анҷом дода шуданд. Ҳамкориҳо бо муассисаҳои аэронавигатсионии кишварҳои ҳамсоя густариш ёфта, бо мақсади насби радиолакаторҳо дар 4 фурудгоҳҳои кишвар ҳамкориҳои судманд бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба роҳ монда шудааст.

Дар ин замина бо мақсади харидорӣ ва таҷдиди системаву технологияҳои таъминкунандаи хизматрасонии метеорологӣ ва аэронавигатсионӣ бо ширкатҳои истеҳсолкунанда вохӯриҳои судманд низ роҳандозӣ гардиданд.

Дар доираи иқдомҳои роҳбарияти корхона ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо мулоқот бо намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ баргузор гардида, ба талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ мутобиқ намудани меъёрҳои таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ низ дар корхона чораҳои муассир амалӣ мешаванд.

Дар фарҷом изҳор гардид, ки дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, ҷиҳати банақшагирию ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавои ҷумҳурӣ, қонеъ гардонидани талаботи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, мунтазамии парвозҳои байналмиллалӣ ва транзитӣ КВД «Тоҷикаэронавигатсия» минбаъд низ чораҳои саривақтиро роҳандозӣ менамояд.

     

                                                                                Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Вчера, 15:33
Вернуться назад