4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи марказии ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо шодиву сурур ва муҳаббату самимияти бепоён пешвоз гирифтанд.
Аз ҷониби аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи бошукуҳи фарҳангӣ, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз инъикос мекунанд, пешниҳод гардид.
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.
Дар таҳхона толори варзишӣ, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст.
Манзилҳои зист бо шароити зарурӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст шудаанд.
Барои роҳату осонии истифодаи бино лифти замонавӣ насб гардида, инфрасохтори муҳандисии он низ пурра ба талаботи муосир мутобиқ карда шудааст.
Бунёди иншоот моҳи апрели соли 2023 оғоз гардида, дар раванди сохтмон 40 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан сабзкорӣ шуда, суҳбаткадаю майдончаи бозӣ бунёд гардидааст.
Таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон, таъмини онҳо бо манзили хизматӣ ва муҳити зарурии кору зиндагӣ, дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани самаранокии хизмат ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳавӣ нигаронда шудааст.
Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Баъди ба истифода супоридани бинои нав Маркази адлия дар ноҳияи Фархор бо равзанаи ягона пайваст гардид. Марказ дорои китобхона, толори ақди никоҳ, ҳуҷраҳои кории барҳаво ва дигар иншооти ёрирасон аст.
Барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равзанаи ягона бо муҳимтарин дастгоҳ ва лавозимоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла таҷҳизоти иттилоотии рақамӣ таъмин шудааст, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кӯтоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд.
Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуд аст, ки аз ин махзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия васеъ истифода хоҳанд кард. Толори ақди никоҳ вобаста ба маросими домодию арусӣ оро дода шудааст.
Ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷраҳои кории идораи нотариалии давлатӣ, муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ ва Нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ дар бинои нав дорои шароити хуби корӣ ҳастанд.
Дар бинои нав меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки бо 4 ҳуҷраи барҳаво барои қабули 8 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳо стандартӣ ва люкс буда, дорои шароити ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад.
Дар таҳхонаи иншоот бойгонии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст. Дар умум дар бинои Маркази адлияи ноҳияи Фархор 10 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мавҷуд аст.
Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бино баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити арзандаи корӣ кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти амалисозии босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукукии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ бештар фаъолият намоянд.
Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти Бобошоҳиён ҷойгир буда, дар он 960 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Муассисаи нави таълимӣ дорои 16 синфхона, аз ҷумла 6 кабинети фаннӣ, ошхона бо 50 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Иншоот бо маблағгузории Раёсати сохтмони вилояти Хатлон сохта шуда, дар он 41 омӯзгор ва 13 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 воқеъ дар деҳоти Худоёр Раҷабов ҷойгир буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон мавҷуд мебошад. Муассисаи наву замонавӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва Кумитаи падару модарон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ сохта шудааст. Бо ба истифода додани иншооти нави соҳа 25 омӯзгори соҳибтахассус ва 15 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76 дар деҳаи Навдеҳ барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо саҳми сокинону соҳибкорони саховатпеша бунёд гардидааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар 9 синфхонаи наву барҳаво хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 30 омӯзгор ба кор ҷалб шуд.
Иншооти дигари соҳа бинои нави кӯдакистон дар деҳаи Тосқалъа мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Камол Ҳабибуллозода барои 80 кӯдак сохта шудааст. Иншоот дорои 8 синфхона, ошхона бо 40 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бо мақсади таълими дӯстрӯякон 15 парастор ба кор ҷалб гардид.
Дар 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таълимӣ дар шаҳраки Ҳулбук ва деҳаҳои Меҳробод, Баҳористон, Гулистон, Навобод, Анористон, инчунин дигар маҳаллаҳо бунёд гардидаанд, барои ба таълим фаро гирифтани 325 тарбиятгиранда ва 26 ҷойи нави корӣ замина фароҳам омад.
Бинои нави шуъбаи милитсия дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Мирзоализода бунёд гардидааст.
Бинои нав дорои 13 ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои кормандон ҷойи хобу истироҳат низ пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои кории дорои шароити муосир ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин сохтор мусоидат менамояд.
Бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Маркази савдо ва хизматрасонии Восеъ-Мол, ки дар ҳамин рӯз аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, дар кӯчаи Султони Кабир ҷойгир буда, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои хариду фурӯш ва пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба сокинон ва меҳмонони ноҳия бунёд шудааст.
Иншоот ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Назарзода сохта шудааст.
Маркази хизматрасонии Нур дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Нуриддин Сатторзода бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ ба сокинон пешбинӣ шудааст.
Дар маркази хизматрасонӣ бахши дандонпизишкӣ фаъолият менамояд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар бино маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ фаъолият менамояд. Барои ташкили раванди таълим панҷ синфхонаи муҷаҳҳаз пешбинӣ гардида, дар як вақт имкони ба омӯзиш фаро гирифтани то 70 нафар мавҷуд аст.
Корхонаи парандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ бо 10 ҷойи корӣ дар деҳаи Пушиёни Миёнаи деҳоти ба номи Худоёр Раҷаб ҷойгир буда, барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва сокинон бо маҳсулотӣ гӯштӣ мусоидат хоҳад кард.
Ду корхонаи хиштбарорӣ, Бадахшон-Тур ва Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ бо таъсиси 60 ҷойи корӣ дар деҳаҳои Гулистон ва Тугарак бунёд гардида, дар амалигардонии саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти сохтмонӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаи Бадахшон-Тур 24 миллион дона ва аз Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ 30 миллион дона хишт мебошад.
Дар идомаи иқдомҳои созанда бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 70 километр роҳҳои мумфаршгардидаи маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва интиқоли молу маҳсулот ва бехатарии воситаҳои нақлиёт имконият медиҳад. То охири сол дарозии умумии роҳҳои мумфаршгардида ба 100 километр расонида мешавад.
Дар маҷмуъ, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои нави таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот зиёда аз 390 ҷойи нави корӣ барои сокинон муҳайё гардид.
Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 540 хонанда ҷойи нишаст ва дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 400 тарбиятгиранда шароит фароҳам гардид, ки ҳамаи ин нишонаи возеҳи сиёсати созанда, ғамхорӣ ва ҳидоятҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
5 октябр Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро дар деҳаҳои Корез, Валиҷон Шамсов ва Тӯдакафш ба истифода доданд.
Иншоот барои беҳтарнамудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва рушди инфрасохтори коммуналии шаҳри Кӯлоб сохта шудаанд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки марказҳои нав бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои қабулиоб, захира ва интиқоли он ба маҳаллаҳои аҳолинишин пешбинӣ шудаанд.
Дар деҳаиКорез маркази обтаъминкунӣ бо ҳавзизахиравӣ, истгоҳи обкашӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба истифода дода шуд. Фаъолияти он имкон медиҳад, ки таъминоти сокинон бо оби ошомиданӣ мунтазам ба роҳ монда шавад.
Дар деҳаиВалиҷон Шамсов маркази обтаъминкунӣ ва корез мавриди истифода қароргирифт. Иншоот барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар деҳаиТӯдакафш низ маркази обтаъминкунӣ ва корез ба истифода дода шуд. Бо фаъолияти иншоот имконияти дастрасиисокинон ба оби ошомиданӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар мегардад.
Баъд аз ба истифода додани иншооти нав 30 нафар бо кортаъмин шуданд.
Ҳангоми сохтмони марказҳо ба сифати корҳо, насби таҷҳизоти зарурӣ ва омодасозии шабакаҳо барои фаъолияти мунтазам таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки фаъолияти муназзами марказҳои нав таъмин гардида, таҷҳизоту шабакаҳо дар ҳолатихуб нигоҳ дошта шаванд.
Таъкид гардид, ки ба сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва риояи талаботи санитарӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ба истифода додани марказҳои обтаъминкунӣ ва корез дар деҳаҳои Корез, Валиҷон Шамсов ва Тӯдакафш ба беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва фароҳам омадани ҷойҳоинави корӣ мусоидат менамояд.
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлобро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 100 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардиданд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур барои 60 корманди минтақаи мазкур ҷойи кории доимӣ ташкил гардида, кормандони он бо тамоми шароити лозима таъмин карда шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз 23 утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст, 2 утоқи вохӯрӣ ва ошхона бо 54 ҷой иборат буда, бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ, низоми муосири гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, назорати бехатарӣ ва видео таъмин мебошад.
Дар ошёнаи аввали бинои мазкур Маркази хизматрасонии Равзанаи ягона бунёд гардида, дар он хизматрасониҳои андозӣ, гумрукӣ, муҳоҷират, раводид, бонкӣ ва ғайра пешниҳод карда мешавад.
Дар доираи корҳои ободонӣ 2,1 километр роҳ бунёду мумфарш гардида, саҳни бино бо фаввораҳо, дарахтони ороишӣ, беш аз 15 ҳазор бех гули мавсимию ороишӣ ва 10 ҳазор бех гули садбарги рангоранг оро дода шудааст. Инчунин, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар толори варзишии он 32 адад таҷҳизоти варзишӣ насб гардидааст.
Бунёди бинои нави маъмурияти МОИ Кӯлоб барои фароҳам овардани шароити муосири хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақа, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи Гулистон-Кӯлоб бо дарозии 32,2 километр ва роҳи Гулистон – Восеъ дар масофаи 14 километр дар доираи лоиҳаи мазкур, ки дар маҷмӯъ 46,5 километрро ташкил медиҳад, санги асос гузоштанд. Имрӯз бо Супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 12 нуқтаи роҳи Гулистон-Кӯлоб корҳои сохтмонӣ оғоз ёфт.
Роҳи Гулистон-Кӯлоб ба дараҷаи техникии 1 маҳсуб меёбад ва аз 4 хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии қисми роҳи мошингард дар ду самт 17 метрро ташкил медиҳад. Дар ин масир 6 пул, 8 гузаргоҳи болозаминӣ, зеризаминӣ ва барои чорво, хатти махсус барои дучархаронҳо, 31 истгоҳ ва таваққуфгоҳҳо барои хонаи модару кӯдак сохта мешавад. Дар корҳои сохтмон зиёда аз 30 техника ва 78 коргар аз ширкатҳои Хунан ва ТГЭМ ҷалб гардидаанд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Гулистон – Кӯлоб навсозии 15 километр роҳ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло сохтмони роҳи Данғара – Гулистон бо маром идома дошта, дар 52 нуқта корҳо ҷараён дорад. Дарозии роҳи мазкур 49 километрро ташкил дода, ба дараҷаи техникии 1 мансуб мебошад. Паҳноии роҳ дар ҷойҳои аҳолинишин 45-66 метрро ташкил медиҳад, аз роҳи пиёдагард ва дучархаронҳо иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар нуқтаи охири роҳи мазкур ва оғози роҳи Гулистон – Кӯлоб барои рафтуомади беисти нақлиёт дар нуқтаи буриши самтҳои Данғара – Кӯлоб ва Фархору Ҳамадонӣ роҳи дусатҳа сохта мешавад. Дар ин масир, ҳамчунин, бунёди гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои техника, пиёдагардон, чорво, гузаргоҳҳои болоизаминӣ, равшанидиҳӣ, чароғакҳою аломатҳои роҳ, истгоҳҳо, хатҳои алоқа ва обу корез ва системаи обёрӣ ба назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин, ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди 2 пули мошингузар дар роҳи Гулистон-Кӯлоб муаррифӣ гардид.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар пули якум, ки дар болои дарёи Сурхоб бо дарозии 133 метр бунёд мегардад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Пули мазкур аз навъи оҳанубетонии болорӣ буда, таҳкурсии такягоҳҳои он бо истифода аз мехсутунҳо бо диаметри 1,2 метр бунёд меёбад.
Сохтмони пули дуюм дар болои дарёи Ёхсу, воқеъ дар ноҳияи Восеъ, тибқи нақша идома дошта, дарозии он 100,4 метр ва паҳноияш 14 метрро ташкил медиҳад. Пули дуюм низ бо усули оҳанубетонии болорӣ сохта шуда, барои таъмини устуворӣ ва мустаҳкамии иншоот таҳкурсии такягоҳҳо тавассути мехсутунҳо бунёд карда шуда, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳар ду иншооти муҳими нақлиётӣ тибқи талаботи техникию меъёрӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои сохтмони роҳи таворавии Кӯлоб–Шамсиддин Шоҳин ба масофаи 11 километр санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур бо 2–3 хатти ҳаракат пешбинӣ гардида, паҳноии ҳар як хат 3,5 метр ва паҳноии қисми ҳаракати нақлиёт аз 7,0 то 10,5 метрро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳа бунёди 1530 метр пиёдароҳ дар маҳаллаҳои аҳолинишин, насби низоми равшаннамоии офтобӣ, сохтмони қубурҳои обгузар, 2 адад пул ва истгоҳҳои нақлиётӣ пешбинӣ гардида, барои таъмини бехатарии ҳаракат аломатҳои роҳ насб карда мешавад.
Дар доираи лоиҳаи роҳи таворавӣ дар 5 мавзеъ барои то 3500 оила замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 5 дарсадӣ дар назар аст. Ҳамчунин, бунёди хатти оби нушокӣ ва барқ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки корҳои созандагию ободонӣ ба хотири рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳо ба роҳ монда шавад.
Ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳои мошингард таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланд ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро ба муносибати солгарди 35-уми истиқлоли давлатӣ ва санаи муҳим - Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки 35 сол пеш миллати тоҷик ба ормони ҳазорсолаи худ - соҳиб гардидан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр расид.
“Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи бузурги мардуми шарифи тоҷик пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшем ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба кишвари рӯ ба пешрафт ва соҳиби обрӯи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳем”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи дастовардҳо, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳо ва корхонаҳо то рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ба маротиб беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро самараи истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ватандӯсти шаҳри Кӯлоб номиданд.
Гуфта шуд, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо гузаштаи пурифтихори худ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб рисолати муқаддаси меросбари таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷикро бо сарбаландӣ иҷро карда истодаанд.
Ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани даҳҳо ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон бо номи “Хутали қадим” эътирофи байналмилалии фарҳангу тамаддуни куҳани ин диёри бостонии тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми беназири мардуми сарбаланду ватандӯсти вилояти Хатлон, махсусан, ҷавонмардони ғаюру далер ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишварамон таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Кӯлоб бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаву созандаи сокинонаш хеле ободу пешрафта ва симои он куллан дигаргун гардид. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1 октябри соли 2026 493 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.
Танҳо ҳамин рӯз дар шаҳри Кӯлоб 51 иншооти нав, аз ҷумла 15 корхонаи истеҳсолӣ, ифтитоҳ ёфта, зиёда аз 2500 ҷои нави корӣ муҳайё гардид.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра ба иқтисодиёти шаҳр, дар маҷмуъ, 1 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу энергетика ва дигар бахшҳо 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад.
Зикр гардид, ки ҳоло дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 фоиз афзоиш ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми шаҳрро таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолии шаҳр низ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шуд. Дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуданд. Ба зиёда аз 8 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин муддат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва дастрасии мардум ба хизматрасонии босифати тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва ифтитоҳ гардидааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони заҳматдӯсти шаҳр, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки дар ободонии шаҳри бостонии Кӯлоб, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманд гузоштанд, миннатдории самимӣ баён намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар оид ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард ва оҳан, аз ҷумла роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб ба масофаи 132 километр, таҷдиду навсозии фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, ифтитоҳи пулҳои мошингузар дар масири Гулистон - Кӯлоб ва гузоштани санги асос барои оғози сохтмони роҳи Гулистон - Кӯлоб ба дарозии 33 километр, роҳи таворавии Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин ба масофаи 12 километр ва сохтмони якчанд корхонаи саноатӣ андешаронӣ намуданд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб минбаъд низ расму ойинҳо, суннату анъанаҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, раванди созандагиву бунёдкориро бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ идома медиҳанд ва дар ҷодаи ободии диёри худ ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли маҳбубамон ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.
Пас аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб ба муносибати ҷашнҳои муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ барномаи идонаи консертӣ баргузор гардид.
Чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ аз суруду рақсҳои дилнишин ва намоиши рангини театрикунонидашуда иборат буд.
Устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб аз эҷодиёти шоирони хушкалом ва оҳангсозони шинохта дар васфи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати пойдори сарзамин, забони давлатӣ, Пешвои миллат ва дигар муқаддасоту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сурудҳо иҷро намуданд, ки бисёр пурмазмун, ҷолиб ва хотирнишин буд.