Тибқи изҳороти Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), пас аз татбиқи ҷаҳонии системаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ATFM) таъхир ва лағви парвозҳо ба таври назаррас коҳиш хоҳанд ёфт. Системаи ATFM, ки технологияҳои муосири аэронавигатсионӣ ва тартиботи нави идоракунии ҳаракати ҳавоиро дар бар мегирад, ба баланд бардоштани эътимоднокии хизматрасониҳо, инчунин коҳиш додани масрафи сӯзишворӣ ва партовҳои зараровар мусоидат мекунад.
***
Пас аз лағви маҳдудиятҳои қаблан ҷорӣшуда, ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон парвозҳоро ба Ироқ барқарор намуданд. Ҳамзамон, ширкати ҳавопаймоии «Iraqi Airways» низ парвозҳоро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нав оғоз менамояд.
***
Ширкати «FlyArystan» дар сомонаи расмии худ чатботи «iJan» — ёвари зеҳни сунъиро барои идоракунии хизматрасониҳои худхизматрасонӣ фаъол намуд. Ёвари нави рақамӣ ба мусофирон имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро дар бораи қоидаҳои сафар шабонарӯзӣ ва ба таври фаврӣ дастрас намоянд.
***
Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти чораҳои зиддидронӣ 130 миллион евро ҷудо мекунад. Комиссияи Аврупо бо ҷудо намудани 130 миллион еврои иловагӣ дар доираи Воситаи кӯмаки молиявии идоракунии марзҳо ва раводид (BMVI) дастгирии худро аз кишварҳои узв дар самти таҳкими чораҳои зиддидронӣ афзоиш медиҳад.
***
5 октябри соли 2026 дар иёлати Ондои Нигерия ҳавопаймои навъи ATR 42-и Нерӯҳои ҳавоии Нигерия, ки дар он 32 нафар қарор доштанд, суқут намуд. Амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар маҳалли ҳодиса идома дошта, дар кишвар се рӯзи мотам эълон гардид.
***
Аз 11 декабри соли 2026, ширкати ҳавопаймоии «Air Astana» парвозҳои мустақимро дар масири Остона – Бангкок оғоз менамояд.
***
Ширкати «Pratt & Whitney Canada» бо ширкати «Bharat Forge» созишнома оид ба таъмини қисмҳои муҳаррик ба имзо расонд.
***
Ширкати ҳавопаймоии «Siam Wings» парвозҳоро аз шаҳри Новосибирск ба Таиланд оғоз менамояд.
***
(Манбаъ: ICAO, Aviation Explorer, Flight Global, Air Astana)