5 октябри соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони корхона иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Раҳимҷон Саидзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи директори генералии корхона ва аз номи худ табрик намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва пайванди наслҳо нақши муҳим дорад. Дар ин раванд, сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди забони давлатӣ аҳамияти хос дошта, барои таҳкими мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар идомаи чорабинӣ сухани навбатӣ ба роҳбари Дастгоҳи директори генералии корхона Эмомназар Сироҷзода дода шуд. Номбурда дар бораи ҷойгоҳи забони давлатӣ дар ҳаёти ҷомеа, нақши он дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва зарурати риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар фаъолияти ҳаррӯза суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки истифодаи дурусту мақсадноки забони давлатӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, муоширати корӣ ва фаъолияти ҳар як корманд яке аз нишондиҳандаҳои фарҳанги касбӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас Аббос Афсаҳзода, муовини сардори Маркази таълимии авиатсионии корхона, баромад намуда, дар бораи таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ аз давраҳои гузашта то замони истиқлоли давлатӣ маълумот пешниҳод кард. Ӯ зикр намуд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди мушкилоти гуногун мавқеи худро ҳифз намуда, ҳамчун забони фарҳанг, илму адаб ва худшиносии миллӣ ба наслҳои имрӯз расидааст.
Дар идомаи чорабинӣ Урози Раҳмон, муовини сардори Раёсати рушди корхона, баромад намуда, дар бораи аҳамияти забони давлатӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеа ва боло бурдани маърифати шаҳрвандӣ андешаҳояшро баён кард. Ӯ таъкид намуд, ки эҳтиром ба забони давлатӣ бояд дар муносибати ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла дар муҳити корӣ ва фаъолияти касбӣ, зоҳир гардад.
Ҳамчунин Умар Ҷумаев, танзимгари Бахши шаҳрвандии Маркази ноҳияви корхона, зимни суханронӣ аз ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар ин давра барои рушди забони давлатӣ, густариши истифодаи он ва таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ корҳои муҳим анҷом дода шудаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони корхона ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Дар суханрониҳои онҳо эҳтиром ба забони модарӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва масъулияти ҳар як корманд дар истифодаи дурусту шоистаи забони давлатӣ таъкид гардид.
Чорабинӣ дар фазои эҳтиром ба забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ баргузор гардида, бори дигар зарурати истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар фаъолияти корӣ ва ҳаёти рӯзмарраро таъкид намуд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”