DataLife Engine / ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони гиромӣ, ҳамкорони арҷманд!

Бо ифтихор аз мақому ҷойгоҳи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва яке аз муҳимтарин арзишҳои миллии мо, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми кишвар самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо ҳамчун пояи ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва худшиносии миллати тоҷик хизмат намуда, имрӯз дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Бо таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва ҷойгоҳи забони давлатӣ таҳким ёфта, барои рушду истифодаи дурусти он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Эҳтиром ба забони давлатӣ ва дуруст истифода намудани он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳифзи покизагӣ ва рушди забони тоҷикӣ масъулияти муштараки мост.

Ба муносибати ин рӯзи фархунда ба тамоми мардуми Тоҷикистон саломатӣ, сулҳу суботи пойдор, рӯзгори обод ва барори кор орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон

Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


 

Вчера, 11:57
Вернуться назад