Санаи 2-юми октябри соли 2026, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» ва нахустин ҳавопаймои он – ҳавопаймои муосири минтақавии L-410 NG, ки «Бадахшон» номгузорӣ шудааст, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сохторҳои соҳа ва шарикони хориҷӣ иштирок намуданд.
Маросими чорабиниро Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» Зафар Аҳмадзода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди муҳим хайрамақдам гуфт. Ӯ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҳкими робитаҳои ҳавоии дохилӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.
Зикр гардид, ки сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва авиатсияи гражданӣ барои татбиқи чунин ташаббусҳо заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар баробари ин, дастгириҳои раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди пойтахт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи иқдомҳои созанда низ муҳим арзёбӣ гардид.
Сипас Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур суханронӣ намуда, ба рушди пайвастаи соҳаи авиатсияи граждании кишвар ва натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ӯ таъкид намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инфрасохтори авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва тавсеаи имкониятҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Ба гуфтаи ӯ, ворид гардидани ҳавопаймои муосири L-410 NG, ки ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва шароити минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мутобиқ мебошад, дар рушди парвозҳои минтақавӣ ва таҳкими алоқаи ҳавоии дохилӣ аҳамияти хос дорад.
Дар идомаи чорабинӣ Артём Мовсесян, директори иҷроия ва раиси Шӯрои директорони OMNIPOL Group, суханронӣ намуда, оид ба ҳамкориҳои соҳа ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои авиатсионӣ ибрози назар кард.
Баъдан муаррифии нахустин ҳавопаймои ширкати «Шоҳин Эйрлайнз» — L-410 NG «Бадахшон» баргузор гардид. Иштирокдорони чорабинӣ аз ҳавопаймо боздид намуда, бо имкониятҳои техникӣ, шароити мусофиркашонӣ ва хусусиятҳои он аз наздик шинос шуданд.
L 410 NG ҳавопаймои муосири минтақавӣ буда, дорои 19 ҷойи мусофирнишин ва 2 ҷойи экипаж мебошад. Ҳавопаймо барои иҷрои парвозҳои минтақавӣ пешбинӣ шуда, имкони истифода дар шароити гуногун, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳистониро дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, он метавонад дар хатҳои нишасту парвози нисбатан кӯтоҳ фаъолият намояд, ки ин хусусият барои фурудгоҳҳои маҳаллии минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Номгузории ҳавопаймо ба номи «Бадахшон» низ ба ҳадафи рушди алоқаи ҳавоии дохилӣ ва таҳкими пайвастагии нақлиётии минтақаҳои кишвар иртибот дорад.
Қабули L-410 NG барои ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» марҳилаи нави фаъолияти ширкат ба ҳисоб рафта, заминаи мусоидро барои оғози мусофиркашонии мунтазам, тавсеаи ҷуғрофияи парвозҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нави нақлиётии минтақавӣ фароҳам меорад.
Ҳамин тавр, муаррифии нахустин ҳавопаймои «Шоҳин Эйрлайнз» қадами дигар дар роҳи рушди авиатсияи граждании кишвар ва таҳкими робитаҳои ҳавоии дохилӣ арзёбӣ гардида, аз афзоиши имкониятҳои ҳамлу нақли минтақавӣ ва ворид гардидани техникаи муосири авиатсионӣ ба парки ҳавопаймоии кишвар шаҳодат медиҳад.