Дар ҷараёни таҳқиқот мутахассисон биокеросини аз сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF — Sustainable Aviation Fuel) ҳосилшударо дар агрегати турбинаи газӣ озмоиш карданд. Ҳангоми санҷиш хусусиятҳои кори муҳаррик, аз ҷумла ҳолати дроссел, сатҳи фишори садо ва консентратсияи партовҳои зараровар мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Натиҷаҳои кори муҳаррик бо истифода аз керосини анъанавии нафтӣ ва биокеросин муқоиса карда шуданд.
Тавре нашрияи «Илм дар Сибир» иттилоъ медиҳад, дар натиҷаи таҳқиқот муайян гардид, ки биосӯзишвории нави синтезшуда ба талаботи кори устувори муҳаррикҳои ҳавопаймо ҷавобгӯ буда, инчунин ба меъёрҳои экологии ICAO мутобиқат мекунад.
Озмоиши сӯзишвории синтетикии авиатсионӣ аз се марҳила иборат буд. Дар марҳилаи аввал таркиб ва хусусиятҳои физикию химиявии сӯзишворӣ таҳлил карда шуданд. Марҳилаи дуюм ба омӯзиши раванди омодасозии сӯзишворӣ ба сӯзиш, аз ҷумла бухоршавӣ ва афрӯхтани қатраҳои он, бахшида шуд. Дар марҳилаи сеюм бошад, сӯзишворӣ дар агрегати хурди турбинаи газӣ санҷида шуд.
Дар рафти озмоишҳо нишондиҳандаҳои кашиш, сарфаи сӯзишворӣ, ҳаҷми партовҳои зараровар, дуд ва сатҳи садо ба қайд гирифта шуданд. Санҷишҳо бо истифода аз дастгоҳе гузаронида шуданд, ки фаъолияти муҳаррики ҳавопайморо дар ҳолатҳои гуногуни корӣ тақлид мекард.
Ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли биокеросин олимон гардчӯбаҳои санавбар ва пӯчоқи офтобпарастро истифода бурданд. Ин навъи ашёи хом ба гурӯҳи биомассаҳои ғайрихӯроквории насли дуюм дохил мешавад. Интихоби онҳо ба он асос ёфтааст, ки истифодаи чунин мавод рақобатро бо бахши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба миён намеорад, зеро онҳо дар саноати хӯрокворӣ истифода намешаванд.
Илова бар ин, ашёи хоми мазкур дар муқоиса бо сӯзишвории истихроҷшаванда изи карбонии камтар дорад. Дар Федератсияи Россия, ки яке аз истеҳсолкунандагони пешбари офтобпараст дар ҷаҳон ба шумор меравад, пӯчоқи офтобпараст ба миқдори зиёд ҳосил мешавад. Ҳамин омил имконият медиҳад, ки ин ашёи хом барои истеҳсоли сӯзишвории биологӣ васеъ истифода гардад.
Ба андешаи муҳаққиқон, истифодаи биомассаҳои ғайрихӯрокворӣ барои истеҳсоли сӯзишвории авиатсионӣ дорои иқтидори назарраси экологӣ ва тиҷоратӣ мебошад. Ин навъи сӯзишворӣ метавонад дар оянда ба коҳиш додани изи карбонии соҳаи авиатсия мусоидат намояд.