27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, мулоқоту суҳбат бо мардум ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Бояд таъкид намуд, ки ин ташрифи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин парвози ҳавопаймои нави тамғаи L-410 NG аз ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси Шоҳин Эйрлайнз ба шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Ин, ҳамчунин нахустин парвоз бо хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Хоруғ аст, ки бо он алоқаи мунтазами ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ бозкушоӣ мегардад. Аз ин рӯз ба баъд миёни Душанбею Хоруғ бо ин ҳавопаймо, ки Бадахшон номгузорӣ шудааст, мунтазам парвозҳои мусофирбарӣ анҷом дода мешавад.
Иттилоъ бояд дод, ки L-410NG ҳавопаймои дорои 2 муҳаррики турбовинтӣ аз тавлидоти ширкати Aircraft Industries-и Ҷумҳурии Чехия буда, бо ғунҷоиши 19 мусофир ва 2 сарнишин барои парвозҳои нисбатан кӯтоҳ, то 2100 км, пешбинӣ шудааст.
Ин ҳавопаймо метавонад бо истифода аз хатти нишасту парвози кӯтоҳи беш аз 600м фаъолият кунад, ки барои фурудгоҳҳои маҳаллии минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон басо муносиб аст.
Бо назардошти ин ва дигар афзалиятҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқи ин ҳавопаймо ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси Шоҳин Эйрлайнз тасмим дорад, ки миёни шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар парвозҳои дохилӣ ба роҳ андозад.
То имрӯз парки ҳавопаймоии Шоҳин Эйрлайнз аз чархболҳо иборат буд ва ворид гардидани L-410 NG иқдоми нахустини ширкат дар самти рушди интиқолот тариқи ҳавопаймоҳо мебошад.
Дар фурудгоҳи Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо рӯҳу илҳоми баланди ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббати беандоза гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ, руҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум бо Пешвои миллат гардид.
Аҳли санъату ҳунари вилоят бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолию озодӣ ва саҳми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, ҳунарнамоӣ намуданд.
Истиқлоли давлатӣ дастоварди беназири таърих барои миллати сарбаланди тоҷик аст, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таҳким меёбад.
Ҳар як сафари Пешвои миллат ба Бадахшон муҳтавои амиқ дошта, боиси рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таконбахши раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ин гушаи хушобу ҳаво ва зебоманзари Тоҷикистони азиз мегардад.
Ҳазорон сокини шаҳри Хоруғ, ки муҳаббати фарзандона ба Сарвари давлатро дар дил мепарваранд, дар кучаҳои марказӣ ва хиёбонҳои асосии шаҳр бо парафшон намудани парчами давлатӣ ва шодии беинтиҳо, фазои идона ва иттиҳоди миллиро таҷассумгар шуданд.
Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, роҳнамоии сокинони кишвар ба сӯи ояндаи неку боз ҳам дурахшону пешрафта қадамҳои устувор мегузорад.
Истиқболи гарму самимии Роҳбари давлат дар шаҳри Хоруғ ифодаи равшани муҳаббат ва эътимоди мардум ба сиёсати ҳакимона ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз иродаи устувори мардум дар пайравӣ ба ғояҳои давлатсозиву ватандорӣ шаҳодат медиҳад.
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд. Фаъолияти иншооти нав дар асоси технологияи муосир ба коркарди меваҷоту сабзавот, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ равона карда шудааст.
Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим аз сабзавоту меваҷот баъди коркард афшӯраю мураббо ва хамираи помидор истеҳсол карда мешавад. Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкор Мурод Қоимдодзода сохта шуда, дар он 12 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардидаанд. Маҳсулоти корхона бо тамғаи Самари кӯҳсор ба бозор пешниҳод мегардад.
Масъулони корхонаи Самари кӯҳсор азм гирифтаанд, ки бо хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи меваю сабзавот шартномаҳои дуҷониба баста, дар тавлиди ашёи хом барои коркард саҳмгузорӣ намоянд. Минбаъд маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои коркард харидорӣ мегардад, ки беҳтарин васила барои пешгирӣ аз талафёбии самараи меҳнати деҳқонон, даромади бештари иқтисодӣ барои хоҷагиҳо ва имконият барои истеҳсоли маҳсулоти босифати табиӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи коркарди меваю сабзавот таваҷҷуҳи масъулини сохторҳои дахлдор ва коргарону мутахассисонро ба истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиати кӯҳистон, бастани шартнома бо хоҷагидорон, омӯзиши талаботи истеъмолкунанда, афзоиш додани истеҳсолоти рақобатпазири саноатӣ ва қонеъгардонии талаботи бозор ҷалб намуданд.
Оянда дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим бо истифодаи имкониятҳои иловагии технологияи воридшуда коркарди ангат ва истеҳсоли равғану шарбати он, инчунин бо ҷалби мутахассисони ҷавон корсервакунонии сабзавот ба роҳ монда хоҳад шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир экомебел» шинос шуданд.
Дар корхонаи истеҳсоли мебел 6 дастгоҳи муосир насб гардида, идоракунии он тавассути технологияи рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷевон ва мизу курсӣ мувофиқ ба дархости мизоҷон бо шаклу андозаҳои гуногун барои ошхона ва ҳуҷраи корию хоб истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонаи мебел 10 нафар сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудаанд ва вобаста ба зиёд шудани талабот ба маҳсулот, теъдоди кормандон афзун мегардад.
Таҷрибаи ғании дуредгарӣ, фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аз ҷониби соҳибкор Шогунбеки Акимбек бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли маҳсулот тибқи таҷрибаи муосир ба роҳ монда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин корхонаи масолеҳи сохтмониро ба истифода доданд.
Дар корхона бо назардошти талабот дару тирезаҳои пластикӣ, профилҳои сохтмонӣ ва хишти сабук истеҳсол карда мешавад. Тавлиди маҳсулот тавассути 4 дастгоҳи муосир анҷом дода мешавад. Оянда вобаста ба талаботи бозор воридкунии 2 дастгоҳи дигар ва ба роҳ мондани истеҳсоли меху дастпӯшҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ аз ҷониби соҳибкор Воҳиди Искандар бунёд гардидааст.
Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне давоми 5 соли охир дар шаҳри Хоруғ 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 300 ҷойи нави корӣ бунёд гардида, теъдоди умумии корхонаҳо ба 72 расидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ ифтитоҳи 7 корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Хоруғ собитгари ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар арзёбӣ карда, масъулини сохторҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, бунёду барқароркунии корхонаҳои саноатӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот вазифадор намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар идомаи иқдомҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Ин боғи фарҳангию фароғатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми волои Модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақши бузурги ӯ дар тарбияи фарзандону ободии ҷомеа бунёд гардидааст. Гузоштани муҷассамаи Модар дар ин мавзеъ ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин муқаддасоти инсонӣ маҳсуб меёбад.
Боғи навбунёду зебо дар мавзеи хушманзараи маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ҷойгир мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин боғ моҳи ноябри соли 2025 оғоз гардида, лоиҳакашии он аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии ноҳияи Шуғнон ва корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амирҳамза ба анҷом расонида шудааст.
Дар раванди бунёди боғ ба ободонӣ ва сабзкории он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ҳудуди он чор суҳбаткада сохта шудааст, ки барои истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр шароити муносиб фароҳам меорад. Гулҳои рангоранги ороишӣ ба муҳити боғ таровати хос бахшида, сабзазор ва ороиши зебои мавзеъ симои онро боз ҳам дилрабо гардонидааст.
Ҳудуди боғи мазкур пурра чароғон гардида, шабонгоҳ ба макони зебои истироҳатӣ табдил меёбад. Равшании чароғҳо дар баробари зебогии муҳити атроф, ҳамзамон барои сайругашт ва фароғати сокинон фазои мусоид фароҳам меорад.
Бунёди чунин маконҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳри Хоруғ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани маҳал мусоидат менамояд.
27 сентябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.
Марҳилаи якуми таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон - Варшез аз Дашти Шипад то Пастхуф 82,2 километрро дар бар мегирад. Лоиҳа қисми долони байналмилалии нақлиётии Душанбе-Кулма-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Роҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.
Ҳоло аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ раванди интихоби ширкатҳои машваратӣ ва паймонкор барои бунёди роҳи Шипад-Пастхуф ҷараён дорад.
Марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез аз деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон то деҳаи Турбати ноҳияи Шуғнонро бо дарозии 80 километр дар бар мегирад.
Татбиқи марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез имкон медиҳад, ки аз шаҳри Душанбе то шаҳри Хоруғ роҳҳо мумфарш шуда, бехатарии ҳамлу нақл беҳтар гардад, вақти сафар кутоҳ, хароҷот барои интиқоли молу маҳсулот кам шавад, ташаккули тиҷорати минтақавӣ таъмин ва иқтидори транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар долони байналмилалии нақлиётӣ афзоиш ёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори вазорату идораҳо ва коргарону мутахассисонро барои босифат ба анҷом расонидани сохтмон, истифодаи пурраи имкониятҳо ҷиҳати ҷалби сармоя барои бунёди қисматҳои дигари роҳ ва оғоз намудани сохтмон вазифадор карданд.
Мумфаршкунии роҳи қитъаи Шоҳон-Зиғар, маркази ноҳияи Рӯшон ва Хоруғ-Роштқалъа дар доираи татбиқи лоиҳаҳо анҷом дода мешаванд.
Қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи Душанбе-Хоруғ-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дарозии 34 километр мумфарш карда мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки қитъаи Шоҳон-Зиғар соли 2011 ба истифода дода шуда буд ва дар муддати 15 соли истифода баъзе аз қисматҳои роҳ осеб дидаанд. Дар доираи мумфаршкунӣ бартарафкунии кӯҳу камари рехта ва барқарорсозии қисматҳои харобгардидаи ин масир низ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳи маркази ноҳияи Рӯшон бошад, бо дарозии 20 километр навсозӣ шуда, тибқи талабот барои ҳаракат шароит хуб мегардад.
Дарозии умумии роҳи Хоруғ-Роштқалъа 37 километрро дар бар гирифта, қад-қади дарёи Шохдара мутобиқ ба талабот барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулот шароит фароҳам оварда мешавад. Кандани хок, бартарафкунии кӯҳу камар, бунёди такядеворҳо, мустаҳкамкунии соҳили дарё ва таъмини бехатарии ҳаракат дар доираи амалишавии лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии лоиҳаи роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим ҷиҳати дар оянда ҷалб кардани сармоя ва анҷом додани сохтмон ҷараён дорад. Тибқи нақшаи пешакӣ, дарозии умумии роҳ 104 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии 12 метр барои нақлиёт сохта мешавад.
Роҳи Хоруғ-Ишкошим яке аз масирҳои муҳими стратегӣ ва сайёҳии Бадахшон ба шумор рафта, таҷдиди он пайвастагии нақлиётиро беҳтар, бехатарии ҳаракат ва рушди иқтисодию иҷтимоиро таъмин мекунад.
Дар маҷмуъ, дар доираи 6 лоиҳа, ки ба Роҳбари давлат дар шаҳри Хоруғ муаррифӣ карда шуд, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солҳои наздик бунёд, навсозӣ ва мумфаршкунии 358 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ аз ҷониби маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.
Дар идомаи ҳамин тадбирҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати иҷрои намунавии супориши Роҳбари давлат навсозии роҳи водии Язгулом ҷараён дорад. Аллакай то охирон деҳаи ин водии ноҳияи Ванҷ ба масофаи 34 километр корҳои тахту ҳамворкунӣ ва сангфаршкунӣ ба анҷом расонида шуда, аз ин 16 километр мумфарш шудааст. Мумфаршкунии 16 километри дигар анҷом дода мешавад. Ин роҳ дорои аҳамияти маҳаллӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб-Ванҷ-даромадгоҳи Рӯшон сохта мешавад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сохтмони роҳи мултимодалии Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо бунёду навсозии 90 километр қитъаи роҳи Мурғоб – Кулма ва гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Каросу ояндаи наздик оғоз меёбад.
Бунёди роҳу пул ва нақбҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар долони байналмилалии Душанбе-Хоруғ-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳаракати нақлиёт дар 4 фасли сол таъмин гардад, сокинони маҳаллӣ аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиёт баҳравар шаванд ва боркашонии байналмилалӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон афзоиш ёбад.
Дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар шаҳри Хоруғ 8 иншоот, аз қабили корхонаи коркард ва басту банди партовҳои сахти маишии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Атрофи тоза бо 10 ҷои корӣ, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши Панасея бо 6 ҷои кории доимӣ ва 80 мавсимӣ, корхонаи бетони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сомони давр бо 10 ҷои корӣ, кӯдакистони хусусии Ширинҷон барои 100 таълимгиранда, кӯдакистони хусусии Дилноза барои 60 кӯдак бо 6 ҷои корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии Рисолат барои 60 кӯдак бо 12 ҷои корӣ ва Маҷмааи муосири варзишӣ бо 20 ҷои корӣ ифтитоҳ гардида, 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.
Дар ноҳияи Дарвоз 11 иншоот аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, ки бо бунёди онҳо ба ҳусни ноҳия зинати тозае зам гардид. Аз ҷумла, корхонаи обҳои ташнашикани ҶДММ Дарвоз аква бо 30 ҷои корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кӯдак, дар деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60 кӯдак, корхонаи истеҳсолии обҳои ташнашикани ҶДММ Парки иноватсионии саноатию технологӣ бо 6 ҷои корӣ, меҳмонхонаи Помир роҳи абрешим барои 30 меҳмон бо 10 ҷои корӣ, панҷ меҳмонхонаи муосир дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаи Хумб барои то 150 меҳмон бо 20 ҷои корӣ ва ҶДММ Тоҷ Корея оид ба парвариш ва банду басти моҳӣ бо 25 ҷои корӣ ифтитоҳ гардид.
Дар ноҳияи Ванҷ 12 иншоот, аз ҷумла Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Садвадг бо 4 ҷои корӣ, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси ноҳиявӣ барои 24 корманд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 барои 100 хонанда дар як баст, муассисаи томактабии Афсона дар деҳаи Андарбак барои 60 тарбиятгиранда, муассисаи нави томактабии Амина дар деҳаи Удоб барои 60 кудак, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, се маркази хизматрасонӣ бо коргоҳҳои истеҳсолӣ ва меҳмонхона дар маркази ноҳияи Ванҷ бо 14 ҷои корӣ, муассисаи таълимии томактабии Дурахшандагон барои 60 кӯдак дар деҳаи Лугад, муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак дар деҳаи Рованд ва муассисаи таҳсилоти томактабии Чашмаи дониш барои 60 кӯдак ифтитоҳ карда шуд.
Дар ноҳияи Рӯшон 12 иншоот, аз қабили неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 112 киловатт дар деҳаи Вранҷан, неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори 25 киловатт дар деҳаи Биҷрав, неругоҳи обӣ бо иқтидори 15 киловатт дар деҳаи Девлох, майдони варзишии маркази ноҳияи Рушон бо 10 ҷои корӣ, корхонаи саноатии банду басти мева ва тути хушк бо 20 ҷои корӣ ва хатти интиқоли барқи 110 киловолт дар масофаи 42 километр ба истифода дода шуд.
Дар ноҳияи Роштқалъа 15 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, аз ҷумла муассисаи давлатии томактабии Хирадмандон дар деҳаи Шошбувад барои 60 кудак, муассисаи давлатии томактабии Чеҳраи Фардо барои 60 кудак, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кудак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 барои 144 хонанда дар ду баст, парки саноатӣ бо 9 коргоҳ, гармхонаи муосир барои парвариши сабзавот ва муассисаи томактабӣ барои 200 кудак.
Дар ноҳияи Шуғнон 16 иншоот аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, аз қабили муассисаи томактабии рақами 10 бо номи Ганҷи миллат барои 60 кӯдак, неругоҳи офтобӣ дар деҳаи Рож бо иқтидори 3 мегаватт, Парки саноатии ноҳияи Шуғнон иборат аз 6 коргоҳи саноатӣ бо 40 ҷои корӣ, гармхонаи муосир ва ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Пашор, муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи Нишус барои 30 кудак, муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшондагон барои 60 кудак, муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии №2 бо номи Насли Истиқлол барои 80 кудак ва муассисаи таҳсилоти томактабии №7 Меҳри Пешво барои фарогирии 60 кӯдак.
Дар ноҳияи Ишкошим бошад, 9 иншоот дар рӯзи сафари кории Пешвои миллат ифтитоҳ карда шуд, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти томактабии №5 барои 60 кудак, 4 гармхонаи нави муосир бо 7 ҷои корӣ ва Парки саноатӣ бо 80 ҷои корӣ ва қалъаи таърихии Ямчун баъди навсозӣ.
Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб ба ифтихори ҷашни истиқлол 4 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, аз қабили бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии Парасту барои 60 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон барои 100 тарбиятгиранда, бинои нави нозироти андози ноҳия ва ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқ.
Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ғайр аз 90 иншооти тариқи фосилавӣ ифтитоҳшуда боз 185 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ин ҷашн на танҳо рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ, балки муаррифии арзандаи Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни он дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин раванди таърихӣ, яъне таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ саҳми шоиста гузоштанд.
Гуфта шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша 1545 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда хеле зиёд аст.
Сарвари давлат ба мардуми ватандӯсту заҳматкаш ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳи вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ барои саҳмгузорӣ дар ин кори муҳим миннатдории самимӣ изҳор намуданд.
Аз мардуми сарбаланди вилоят даъват карда шуд, ки бо кору пайкори нек Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил дода, бо риояи анъанаҳои неки фарҳангдӯстиву меҳмоннавозии тоҷикона онро ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ намоянд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматпешаи вилоят, аз ҷумла ҷавонони ватандӯст, минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ташаббусҳои созанда ва ифтихор аз давлатдории миллӣ барои ободонии диёри хеш ва таҳкими иқтидори Тоҷикистони азизамон талош хоҳанд кард.
Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳи консертӣ ба муносибати 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
Устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоят бо иҷрои суруду рақсҳои дилнишин ба чорабинии тантанавӣ ҳусни бошукуҳе зам намуданд.
Дар барномаи фарҳангӣ аз эҷодиёти шоирони шинохтаи кишвар ва оҳангсозони маъруф дар васфи Модар-Ватан, Тоҷикистон, истиқлолу ваҳдат ва Пешвои миллат сурудҳои дилнишину хотирмон иҷро гардид.