24 сентябри соли 2026, нахустин ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» - ҳавопаймои минтақавии L 410 NG ба Тоҷикистон ворид намуд.
Ба истиқболи нахустин ҳавопаймои ширкат роҳбарияти соҳаи авиатсияи гражданӣ, намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони соҳаи авиатсия, инчунин намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» ҷамъ омада буданд.
Дар маросими истиқболи ҳавопаймо Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» Зафар Аҳмадзода сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт.
Зафар Аҳмадзода иброз дошт, ки ворид гардидани ҳавопаймои L 410 NG барои ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» оғози марҳилаи нави фаъолият буда, натиҷаи татбиқи нақшаҳои рушди ширкат дар самти ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, харидории ин ҳавопаймо бо мақсади тавсеаи фаъолияти ширкат ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди парвозҳои минтақавӣ амалӣ гардидааст.
Директори генералии ширкат таъкид намуд, ки L 410 NG барои иҷрои парвозҳои минтақавӣ пешбинӣ шуда, метавонад дар шароити гуногуни истифодабарӣ, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳистон, истифода шавад. Ҳавопаймо дорои 19 ҷойи нишаст буда, самаранокии хуби истифодаи сӯзишворӣ ва имкони иҷрои парвозҳои минтақавиро дорад. Ӯ изҳор дошт, ки истифодаи ҳавопаймои нав барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва рушди минбаъдаи ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зафар Аҳмадзода ҳамчунин таъкид кард, ки ин иқдом дар заминаи сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла авиатсияи гражданӣ, амалӣ гардида истодааст.
Сипас, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим суханронӣ намуда, ворид гардидани ҳавопаймои нави минтақавиро барои рушди минбаъдаи ҳамлу нақли ҳавоӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Вазири нақлиёт дар суханронии худ ба дастовардҳои солҳои охир дар соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ишора намуда, таъкид кард, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инфрасохтори соҳаи авиатсия, таҷдиди фурудгоҳҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таҳкими имкониятҳои интиқоли ҳавоӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Дар идомаи маросим Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода суханронӣ намуда, ворид гардидани ҳавопаймои нави L 410 NG-ро барои рушди алоқаи ҳавоии дохилӣ ва минтақавӣ муҳим арзёбӣ кард.
Ҳабибулло Назарзода таъкид намуд, ки рушди алоқаи ҳавоӣ на танҳо барои беҳтар намудани рафтуомади шаҳрвандон, балки барои рушди соҳаи сайёҳӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, васеъ гардидани имкониятҳои парвозӣ метавонад барои дастрасии бештари минтақаҳои кишвар, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Қабули L 410 NG барои ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» оғози марҳилаи нави рушди парк ба ҳисоб меравад. То имрӯз парки ҳавопаймоии ширкат аз чархболҳо иборат буд ва ворид гардидани ҳавопаймои нав иқдоми нахустини ширкат дар самти рушди интиқоли мусофирон тавассути ҳавопаймоҳо мебошад.
Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» ширкати хусусии ҳавопаймоӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Фаъолияти он ба рушди авиатсияи граждании миллӣ, ҳамлу нақли ҳавоии минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар самти мусофиркашонӣ равона гардидааст.
Ворид гардидани нахустин ҳавопаймои L 410 NG ба парки Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» қадами нав дар самти рушди имкониятҳои интиқоли ҳавоӣ ва тавсеаи алоқаи ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»