15–17 сентябри соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи 42-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии «Авруосиё» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иштирок намуд.
Дар ҷаласа намояндагони соҳаи хизматрасонии аэронавигатсионии Тоҷикистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Намояндагони Арманистон низ ба таври видеоконфронс ба кори ҷаласа пайвастанд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи аэронавигатсия, аз ҷумла таъмини ҳаракати бехатар ва мунтазами ҳавопаймоҳо, такмили хизматрасонӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён масъалаҳои беҳтар намудани мубодилаи иттилооти зарурӣ байни хадамоти аэронавигатсионӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ, истифодаи имкониятҳои муосири рақамӣ ва такмили низоми идоракунии фазои ҳавоиро муҳокима намуданд.
Ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои коршиносӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамоҳангсозии баландии гузариш дар фазои ҳавоии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, таҳияи тартиби ягонаи парвозҳо ва ташкили ҳамкории корхонаҳои хизматрасонии аэронавигатсионӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Барои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ имконияти хуби табодули таҷрибаи касбӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои нави соҳа ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ мебошад.
Ҳайати КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷараёни ҷаласа бо намояндагони кишварҳои иштирокчӣ масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва густариши ҳамкориҳои соҳавиро баррасӣ намуд.
Ҷаласаи 42-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии «Авруосиё» барои муҳокимаи масъалаҳои муҳимми соҳа, табодули таҷриба ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
<!--[if !supportLineBreakNewLine]-->
![]()
![]()
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»