14 сентябри соли 2026 ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо сафари корӣ ба Академияи давлатии авиатсияи Беларус сафар намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи авиатсия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Намояндагони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус таҳсил менамоянд, вохӯрда, оид ба раванди таълим, омодагии касбӣ ва масъалаҳои вобаста ба таҳсили онҳо суҳбат намуданд.
Дар идомаи сафар ҳайати корхона бо имкониятҳои таълимию техникии Академия шинос шуда, аз дастгоҳҳои омӯзишии ҳавопаймоҳо ва воситаҳои муосири таълимию амалии соҳаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ боздид намуд.
Ҳамчунин, ҳайат бо тарзФи омодасозии мутахассисони ояндаи соҳаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ шинос шуда, раванди омӯзиши малакаҳои идоракунии ҳаракати ҳавоиро дар синфхонаҳои махсус мушоҳида намуд.
Омодасозии кадрҳои баландихтисос яке аз самтҳои муҳими фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба шумор меравад. Бо мақсади таъмин намудани соҳа бо мутахассисони ҷавон ва баландихтисос, ҳамкории корхона бо муассисаҳои таълимии соҳавӣ таҳким меёбад. Дар ин самт бо роҳбарии директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон корҳои зарурӣ идома доранд.
Дар фарҷоми сафар ҷонибҳо натиҷаҳои вохӯриро ҷамъбаст намуда, дурнамои густариши ҳамкориро дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи авиатсия баррасӣ намуданд.