Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо мақсади таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баробарии гендерӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар он бо иштироки раиси Кумитаи занони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Гулакова ва бонувони корхона масъалаҳои баробарии ҳуқуқу имкониятҳои занону мардон, нақши занон дар рушди ҷомеа ва давлатдорӣ, инчунин иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ баррасӣ шуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки бо ташаббус ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои таҳсилу фаъолияти касбии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Қайд карда шуд, ки занони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати муҳим дар тарбияи насли наврас, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисод, маориф, тандурустӣ, илм, хизмати давлатӣ ва дигар самтҳо фаъолона саҳм мегузоранд.
Иштирокчиён баробарии гендериро яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти занон ва истифодаи имкониятҳои зеҳнию касбии онҳо ба рушди минбаъдаи давлат мусоидат мекунад.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки рушди давлатдорӣ бе иштироки фаъоли занон тасаввурнопазир буда, занони соҳибмаърифат, фаъол ва ватандӯст дар таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»