DataLife Engine / ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ОСМОНИ ТОҶИКИСТОН

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ОСМОНИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ҶСК «Тоҷик Эйр» бо ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиши тантанавӣ роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр», ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Шоҳин Эйрлайнз», инчунин собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ, кормандон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода оғоз намуда, ҳозирин, собиқадорон ва кормандони соҳаи авиатсияи гражданиро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи гражданӣ самимона табрик намуд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла соҳаи авиатсияи гражданӣ, заминаи мусоид фароҳам овардааст. Бо шарофати сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи гражданӣ дар заминаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар марҳила ба марҳила рушд намуда, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо, таҳкими инфрасохтор ва омода намудани мутахассисони баландихтисос тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Дар идомаи чорабинӣ роҳбарони корхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар бо суханони табрикотӣ баромад намуда, нақши авиатсияи гражданиро дар рушди иқтисод, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва пайвастани Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии нақлиёти ҳавоӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон, ба як қатор роҳбарон, кормандон ва мутахассисони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди авиатсияи гражданӣ, фаъолияти самаранок ва меҳнати содиқона медалу ифтихорномаҳо ва дигар мукофотҳои соҳавӣ тақдим карда шуд. Собиқадорони соҳа низ барои хизматҳои шоён ва саҳми назаррас дар ташаккули авиатсияи граждании кишвар бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Муовини якуми директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои фархунда табрик намуда, таъкид кард, ки рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сиёсати созанда ва дурнамои рушди давлат имкон фароҳам овардааст, ки авиатсияи граждании кишвар ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими инфрасохтори миллӣ таҳким ёфта, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардад.

 

Дар қисми дигари чорабинӣ собиқадорони соҳа ба сухан баромада, аз таърихи ташаккул ва рушди авиатсияи граждании Тоҷикистон, солҳои фаъолияти пуршарафи худ, дастовардҳои соҳа ва хотираҳои нек аз ҳамкорону ҳамсафони худ ёд карданд. Суханони собиқадорон барои насли ҷавони кормандони соҳа сабақи арзишманд буда, эҳтиром ба таърихи соҳа, меҳнати содиқона ва анъанаҳои неки касбиро боз ҳам таҳким бахшид.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки дастоварду пешрафтҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ натиҷаи заҳмати содиқонаи мутахассисон, масъулияти баланди касбӣ ва ҳамкории самараноки сохторҳои соҳа мебошад. Иштирокдорони ҳамоиш изҳор доштанд, ки минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти касбӣ ва истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида барои рушди минбаъдаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Чорабинии тантанавӣ дар фазои гарми идона, эҳтиром ба дастовардҳои гузашта ва умед ба фардои боз ҳам дурахшони соҳаи авиатсияи граждании кишвар анҷом ёфт.

 

                                                                             Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Сегодня, 09:26
Вернуться назад