DataLife Engine / ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ роҳбарияти корхона, кормандон ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст, директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода баромад намуда, кормандон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи гражданӣ самимона табрик намуд.

Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, соҳаи авиатсияи гражданӣ низ дар ин давра ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бо шарофати сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи гражданӣ ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар табдил ёфта, барои навсозии инфрасохтор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои авиатсионӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.

Дар ин замина, фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» низ ба таври назаррас рушд ёфта, корхона бо таҷҳизоту технологияҳои муосири аэронавигатсионӣ таъмин гардидааст. Таҷдиди низомҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир ба баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, самаранокӣ ва сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ мусоидат менамояд.

Директори генералӣ таъкид намуд, ки дастовардҳои имрӯза натиҷаи заҳмати содиқонаи кормандони соҳа, таҷрибаи ғании собиқадорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи авиатсия мебошанд. Ҳамзамон, масъулияти кормандони соҳа дар самти таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами ҳавопаймоҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.

   

Сипас, муовини якуми директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода оид ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла авиатсияи гражданӣ, суханронӣ намуд.

Ӯ иброз дошт, ки Истиқлол барои Тоҷикистон танҳо як дастоварди сиёсӣ набуда, балки заминаи муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва техникии кишвар мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи авиатсия, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва татбиқи технологияҳои нав имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Маҳз дар ҳамин замина, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» тавонист фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи муосир ба роҳ монда, дар самти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардад.

 

Муовини директори генералии корхона Раҳимҷон Саидзода низ зимни суханронӣ Истиқлоли давлатиро омили асосии пешрафти соҳаи авиатсия арзёбӣ намуда, оид ба навсозии заминаи техникии корхона, ворид намудани таҷҳизоти муосири аэронавигатсионӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафта маълумот дод.

Таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ корхона пайваста ба таҷдид ва навсозии инфрасохтори техникии худ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таҷҳизоти муосир ва низомҳои пешрафтаи аэронавигатсионӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин раванд барои таъмини хизматрасонии босифат, идоракунии самараноки ҳаракати ҳавоӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо аҳамияти муҳим дорад.

Дар идомаи чорабинӣ сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Кароматулло Саидов суханронӣ намуда, оид ба нақши кормандони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон дар рушди фаъолияти корхона андешаронӣ кард.

Зикр гардид, ки пешрафти ҳар як соҳа пеш аз ҳама ба неруи инсонӣ, сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ ва меҳнати содиқонаи кормандон вобаста мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои такмили донишу малакаи кормандон, омодасозии мутахассисони ҷавон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти меҳнатӣ дар корхона тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Кароматулло Саидов таъкид намуд, ки дастовардҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» самараи меҳнати дастаҷамъона буда, ҳар як корманд дар рушди корхона ва таъмини фаъолияти мунтазами соҳаи аэронавигатсия саҳми арзандаи худро мегузорад. Ҳамзамон, қадрдонии кормандони фаъол ва собиқадорони соҳа ҳамчун яке аз омилҳои муҳими ҳавасмандгардонии меҳнатӣ арзёбӣ гардид.

Дар чорабинӣ ҳамчунин собиқадорони соҳа ба сухан баромада, аз роҳи тайкардаи авиатсияи граждании кишвар ва рушди КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ёдовар шуданд.

Собиқадорон таъкид намуданд, ки шароити кории имрӯза аз имкониятҳои солҳои аввали фаъолияти онҳо ба таври назаррас фарқ мекунад. Агар дар гузашта истифодаи техникаву таҷҳизоти мавҷуда кори мутахассисонро душвор мегардонд, имрӯз кормандони соҳа бо таҷҳизоти муосир, технологияҳои рақамӣ ва низомҳои пешрафтаи аэронавигатсионӣ фаъолият менамоянд.

Онҳо рушди заминаи техникии корхона, сатҳи баланди касбии кормандон ва фароҳам гардидани шароити мусоиди кориро дастоварди муҳим арзёбӣ карда, ба роҳбарияти корхона барои таваҷҷуҳ ба рушди соҳа ва ҳифзи таҷрибаи собиқадорон изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ як қатор кормандони корхона баромад намуда, оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди авиатсия, дастовардҳои соҳа, фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва саҳми кормандони корхона дар таъмини бехатарӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ андешаронӣ намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба собиқадорони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди авиатсияи гражданӣ ва фаъолияти бисёрсолаи самаранок мукофотҳо тақдим карда шуданд.

Ҳамзамон, як қатор кормандони корхона барои фаъолияти пурсамар, масъулияти баланди касбӣ ва саҳми арзанда дар рушди КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҷаласаи тантанавӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон роҳи устувори рушдро тай намуда, бо такя ба технологияҳои муосир, неруи кадрӣ ва таҷрибаи собиқадорон барои пешрафти минбаъда қадамҳои устувор мегузорад.

                                

                                                                              Маркази матбуоти КВД«Тоҷикаэронавигатсия»
Сегодня, 09:51
Вернуться назад