Муҳтарам кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ, собиқадорон ва ҳамкасбони арҷманд!
Шуморо ба муносибати Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Авиатсияи гражданӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими кишвар дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳаракати бехатари ҳавоӣ нақши муҳим дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои навсозии инфрасохтор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди иқтидори кадрӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.
КВД «Тоҷикаэронавигатсия» низ бо такя ба дастовардҳои даврони Истиқлол ва меҳнати содиқонаи кормандони худ дар самти такмили хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва таъмини бехатарии ҳаракати ҳавоӣ пайваста қадамҳои устувор мегузорад.
Ба ҳамаи кормандон ва собиқадорони соҳа барои меҳнати содиқона ва саҳми арзандаашон дар рушди авиатсияи граждании кишвар изҳори сипос менамоям.
Ба Шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, неруи созанда ва дар фаъолияти касбӣ комёбиҳои нав орзу дорам.
Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Бо эҳтиром,
Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон
директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»