DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) Конфронси коршиносони боркашонии IATA (CEC)-ро 23–24 сентябри соли 2026 дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор менамояд. Дар конфронс роҳҳои амалии беҳтар намудани амалиёти ҳаррӯзаи боркашонии ҳавоӣ бо истифода аз стандартҳо, технология ва маълумоти ҷаҳонӣ баррасӣ мешаванд.

***

Тибқи таҳлили вазни бағоҷи бақайдгирифташудаи ширкати «S7 Airlines», вазнинтарин бағоҷ ба самти Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Аз ҷумла, ба Ашқобод – 19,2 кг, Урганҷ – 18,8 кг, Хуҷанд – 18,1 кг ва Душанбе – 17,8 кг.

***

Ширкатҳои «Jin Air», «Air Busan» ва «Air Seoul»-и Кореяи Ҷанубӣ ба як ширкати ягонаи ҳавопаймоӣ таҳти унвони «Jin Air» муттаҳид мешаванд. Ифтитоҳи фаъолияти ширкати нав 17 марти соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом идомаи мантиқии муттаҳидшавии ширкатҳои «Korean Air» ва «Asiana Airlines» мебошад, ки оғози фаъолияти он 17 декабри соли 2026 пешбинӣ шудааст.

***

23 августи соли 2026, ширкати «Aero Nomad» парвози мунтазамро дар масири Бишкек–Тошканд–Бишкек оғоз намуд. Парвозҳо дар ин масир ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешаванд.

***

Пас аз ҳодисаи вобаста ба ҳавопаймои A320neo-и ширкати «Air India» маълумот дар бораи нигоҳдории системаи гидравликӣ дархост карда мешавад. Зеро 4 августи соли 2026 ҳангоми парвоз аз Пхукет ба Деҳлӣ фишор дар ҳар се системаи мустақили гидравликӣ коҳиш ёфта, ҳавопаймо дар давоми чанд сония назорати чанбараки баландӣ ва элеронҳоро аз даст дод.

***

Ҳавопаймои Boeing 737-и ширкати «flydubai», ки аз Дубай ба Мале парвоз мекард, пас аз дучор шудан ба мушкили техникӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Веланаи Мале бехатар фуруд омад.

***

21 августи соли 2026 дар шаҳри Форлии Италия тӯфони шадид ба амал омад, ки суръати шамол аз 100 км/соат (62 мил/соат) зиёд буд. Дар наздикии фурудгоҳ суръати шамол тақрибан ба 120 км/соат (75 мил/соат) расид. Ҳолати мазкур боиси мушкилӣ ҳангоми фуруд омадани ҳавопаймоҳо гардид.

***

Аз 23 декабри соли 2026, ширкати «Korean Air» парвозҳои ҳаррӯзаро аз Сеул ба Инчхон ва Хиросима оғоз менамояд.

***

Аз 17 августи соли 2026, ширкатҳои «American Airlines» ва «Southwest Airlines» интиқоли роботҳоро ҳамчун мусофир – ҳам дар кабина ва ҳам дар бағоҷи бақайдгирифташуда – қатъ менамоянд.

***

(Манбаъ: IATA, Aviation Explorer, Flight Global, Airways Magazine, FL360aero)

Вчера, 11:42
Вернуться назад