DataLife Engine / ҲАВОИ ГАРМ ЧӢ ГУНА БА БЕХАТАРӢ ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПАРВОЗИИ ҲАВОПАЙМО ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

ҲАВОИ ГАРМ ЧӢ ГУНА БА БЕХАТАРӢ ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПАРВОЗИИ ҲАВОПАЙМО ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

Бо афзоиши ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани мавридҳои гармии шадид, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо ба мушкилоти нав дар фаъолияти худ рӯ ба рӯ мешаванд.

Таъсири гармии шадид дар баъзе минтақаҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Осиё нишон медиҳад, ки болоравии ҳарорат метавонад ба фаъолияти муқаррарии нақлиёти ҳавоӣ таъсир расонад. Ҳарорати баланд метавонад ба нишондиҳандаҳои парвозӣ ва техникии ҳавопаймо таъсир расонида, дар баъзе ҳолатҳо ширкатҳои ҳавопаймоиро водор созад, ки вазни борро кам кунанд, шумораи мусофиронро маҳдуд намоянд ё парвозро ба вақти дигар гузаронанд.

Чаро ҳавои гарм ба парвози ҳавопаймо таъсир мерасонад?

Яке аз омилҳои асосӣ зичии ҳаво мебошад. Бо баланд шудани ҳарорат, зичии ҳаво коҳиш меёбад. Дар натиҷа, қувваи бардорандаи болҳои ҳавопаймо ва самаранокии муҳаррикҳо метавонад кам шавад.

Дар чунин шароит ҳавопаймо барои ба даст овардани суръати зарурии парвоз метавонад ба масофаи бештари хатти парвозу фуруд ниёз дошта бошад. Ҳамзамон, қобилияти ҳавопаймо барои баландшавӣ пас аз парвоз метавонад коҳиш ёбад.

Ин таъсир махсусан дар фурудгоҳҳое бештар эҳсос мешавад, ки хатти парвозу фуруд кӯтоҳ буда ё дар баландии зиёд аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Дар чунин минтақаҳо ҳаво аллакай нисбатан камзич мебошад ва болоравии ҳарорат метавонад вазъиятро боз ҳам мураккабтар созад.

Пеш аз парвоз кадом омилҳо ба назар гирифта мешаванд?

Пеш аз парвоз экипаж ва хадамоти дахлдори авиатсионӣ як қатор омилҳоро барои муайян намудани нишондиҳандаҳои бехатарии парвоз ба назар мегиранд. Ба онҳо ҳарорати ҳаво, фишори атмосферӣ, баландии фурудгоҳ аз сатҳи баҳр, дарозии хатти парвозу фуруд, вазни ҳавопаймо, инчунин суръат ва самти шамол дохил мешаванд.

Дар шароити ҳарорати ниҳоят баланд ё дар аэродромҳое, ки имкониятҳои маҳдуди парвозӣ доранд, ин омилҳо метавонанд боиси маҳдуд шудани вазни иҷозатдодашудаи парвоз шаванд.

Агар ҳисобҳои нишондиҳандаҳои парвозӣ нишон диҳанд, ки ҳавопаймо бо вазни банақшагирифташуда наметавонад парвози бехатарро анҷом диҳад, ширкати ҳавопаймоӣ метавонад ҳаҷми борро кам кунад ва ё шумораи мусофиронро маҳдуд намояд. Дар баъзе ҳолатҳо, вобаста ба масофаи парвоз ва талаботи амалиётӣ, зарурати тағйир додани ҳаҷми сӯзишвории гирифташаванда низ ба миён меояд.

Агар тағйир додани шумораи мусофирон ё бор имконнопазир бошад, ширкати ҳавопаймоӣ метавонад парвозро то паст шудани ҳарорати ҳаво ба таъхир гузорад.

Ҳавои гарм ба баромадани ҳавопаймо ба баландӣ чӣ таъсир мерасонад?

Ҳарорати баланд метавонад нишондиҳандаҳои парвозии ҳавопайморо ҳангоми канда шудан аз замин ва марҳилаи ибтидоии баландшавӣ маҳдуд кунад. Аз ин рӯ, экипаж ҳангоми банақшагирии парвоз ба ҳарорати ҳаво, вазни ҳавопаймо, шароити шамол ва дигар омилҳои муҳими метеорологию техникиро ба таври ҷиддӣ ба назар мегирад.

Бо назардошти ин омилҳо, дар баъзе ҳолатҳо парвоз дар вақти нисбатан салқини рӯз, масалан, субҳи барвақт ё шабона, аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои парвозӣ мусоидтар буда метавонад.

Оё ҳавои гарм метавонад ба афзоиши турбулентӣ мусоидат кунад?

Баланд шудани ҳарорати сатҳи замин метавонад ба ташаккули ҷараёнҳои пурқуввати болоравандаи ҳаво мусоидат намояд. Ҳавои гарм аз сатҳи замин боло ҳаракат карда, ҷараёнҳои амудии ҳаворо ба вуҷуд меорад, ки метавонанд сабаби турбулентии гармӣ шаванд.

Аз ин рӯ, ҳангоми парвоз ва фуруд, махсусан дар минтақаҳои дорои ҳарорати баланд, экипаж ба шароити метеорологӣ, ҳаракати ҳаво ва нишондиҳандаҳои парвозии ҳавопаймо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.

Таҳқиқоти илмӣ низ нишон медиҳанд, ки дар даҳсолаҳои охир дар баъзе масирҳои асосии ҳавоӣ ҳолатҳои турбулентии шадид дар ҳавои соф бештар ба мушоҳида мерасанд. Яке аз омилҳои эҳтимолии чунин тағйирот тағйирёбии ҷараёнҳои ҳавоӣ дар робита ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ мешавад.

Турбулентӣ дар ҳавои соф аз турбулентие, ки бо абрҳо ё тӯфонҳо алоқаманд аст, фарқ мекунад. Он метавонад дар осмони соф низ ба вуҷуд омада, барои радарҳои маъмулии метеорологӣ ба осонӣ ошкоршаванда набошад. Аз ин рӯ, пешгӯии чунин навъи турбулентӣ низ нисбатан душвор аст.

Гармии шадид ба ҳавопаймо ҳангоми дар замин будан чӣ таъсир мерасонад?

Таъсири ҳарорати баланд танҳо ба марҳилаи парвоз маҳдуд намешавад. Ҳавопаймоҳое, ки дар рӯйи майдони таваққуфгоҳ ё пешдомани фурудгоҳ дар зери офтоби гарм қарор доранд, метавонанд ба системаҳои хунуккунӣ ва кондитсионерӣ фишори бештар эҳсос кунанд.

Дар фурудгоҳҳое, ки таҷҳизоти заминии таъмини ҳавои хунук мавҷуд нест, ҳавопаймо метавонад барои нигоҳ доштани ҳарорати мувофиқ дар дохили он бештар ба агрегати ёрирасони неру (APU) ва дигар системаҳои дохилӣ такя кунад. Истифодаи APU метавонад, дар навбати худ, сатҳи садо ва масрафи сӯзишвориро дар вақти таваққуф зиёд намояд.

Ҳарорати баланд метавонад ба фаъолияти баъзе таҷҳизот ва системаҳои техникии ҳавопаймо, аз ҷумла системаҳои хунуккунии таҷҳизоти электронии ҳавопаймо, низ таъсир расонад. Аз ин рӯ, назорати техникии ҳавопаймо дар шароити ҳарорати баланд аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Гармии шадид  омили муҳими банақшагирии парвоз

Бо зиёд шудани давраҳои гармии шадид дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, таъсири ҳарорати баланд ба фаъолияти авиатсия аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Гармии шадид метавонад ба масофаи зарурии парвоз, вазни иҷозатдодашудаи ҳавопаймо, қобилияти баландшавӣ, кори баъзе системаҳои техникӣ ва шароити хизматрасонии ҳавопаймо дар замин таъсир расонад.

Аз ин рӯ, баҳодиҳии дақиқи шароити обу ҳаво, нишондиҳандаҳои техникии ҳавопаймо ва хусусиятҳои аэродром яке аз омилҳои муҳими таъмини бехатарӣ ва самаранокии парвозҳо ба ҳисоб меравад.

Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши мавридҳои ҳарорати ниҳоят баланд, эҳтимол меравад, ки маҳдудиятҳои вобаста ба ҳарорат дар фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо бештар ба назар расанд.

 
Сегодня, 14:54
Вернуться назад