DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Саҳми Ҷумҳурии Мардумии Чин дар истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини гражданӣ дар ҷаҳон 74 фоизро ташкил медиҳад.

***

Ширкати «easyJet» барои сарнишинон барномаи рақамиро ҷорӣ менамояд. Барномаи мазкур ба сарнишинон имкон медиҳад, ки фармоиши дақиқи сӯзишвории авиатсионӣ ва таъмини онро беҳтар ба роҳ монанд. Ҳадаф аз ҷорӣ намудани ин барнома коҳиш додани хароҷоти нолозим барои сӯзишворӣ ва ҳаҷми партовҳои ихроҷшаванда мебошад.

***

14 августи соли 2026, ширкати «Riyadh Air» аввалин парвозҳои мустақими ҳаррӯзаи худро аз шаҳри Риёз ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз намуд.

***

Ширкати «Vietjet» се хатсайри нави ҳавоиро, ки Ветнам ва Филиппинро бо ҳам мепайванданд, роҳандозӣ менамояд.

***

Ширкати «Ryanair» бо ширкати «Google Cloud» созишномаи панҷсола оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумот ва зеҳни сунъӣ ба имзо расонид. Тибқи созишнома, ширкати «Ryanair» ба 35 000 корманди худ дастрасӣ ба хизматрасониҳои «Google Workspace» ва «Google Cloud»-ро фароҳам меорад.

***

Федератсияи Россия риояи талаботи танзимкунанда ва меъёрҳои молиявиро барои ширкатҳои ҳавопаймоие, ки мехоҳанд хатсайрҳои байналмилалиро роҳандозӣ намоянд, сахттар мекунад. Қонунгузории пешниҳодшуда метавонад барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳангоми ифтитоҳи хатсайрҳои нави байналмилалӣ монеа эҷод намояд.

***

Ширкатҳои «Reliance» ва «Rolls-Royce» таҳияи муҳаррик барои ҳавопаймоҳои ҷангии AMCA-и Ҳиндустонро ба нақша гирифтаанд.

***

Аввалин борхати рақамии нақлиёти ҳавоӣ тавассути Системаи иттилоотии давлатӣ оид ба ҳуҷҷатҳои электронии интиқол дар Федератсияи Россия бомуваффақият нашр гардид. Ин интиқол аз ҷониби ширкатҳои «Аэрофлот» ва «Центурион-Инновации» амалӣ карда шуд.

Ин рӯйдод оғози гузариши васеъмиқёси соҳаи логистикаи авиатсионӣ ба низоми электронии ҳуҷҷатгузорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, он омодагии соҳаро барои гузаштан ба истифодаи ҳатмии ҳуҷҷатҳои электронии интиқол аз 1 сентябри соли 2026 нишон медиҳад.

Минбаъд ҳамаи иштирокчиёни раванди интиқоли борҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ширкатҳои ҳавопаймоӣ, интиқолдиҳандагони бор, қабулкунандагони бор, агентҳои боркашонӣ ва экспедиторҳо, бояд варақаҳои боркашонии ҳавоиро тавассути Системаи иттилоотии давлатӣ оид ба ҳуҷҷатҳои электронии интиқол ба таври электронӣ пешниҳод намоянд.

***

Ширкати «Emirates SkyCargo» аввалин моҳвораи дорои зеҳни сунъии Аморати Муттаҳидаи Арабро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқол дод. Ин моҳвора аввалин моҳвораи тиҷоратии мушоҳидаи Замин мебошад, ки бо зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз шудааст.

***

Аз 7 сентябри соли ҷорӣ ширкати «Red Sea Airlines» парвозҳои мустақимро аз шаҳри Москва ба шаҳри Эл-Аламейни Ҷумҳурии Мисри Араб оғоз менамояд.

***

Ҷумҳурии Тотористон роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоиро миёни шаҳри Қазон ва шаҳрҳои Пекин, Ченду ва Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин пешбинӣ менамояд.

***

 (Манбаъ: Aviation Explorer, Flight Global, Aviation Source News, Simple Flying)

Сегодня, 15:22
Вернуться назад