DataLife Engine / САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ ҲИСОР

САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ ҲИСОР

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи майи соли 2026 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ба анҷом расонида шуданд. Гулгашт дар масоҳати 0,40 гектар ҷойгир буда, ҳангоми иҷрои корҳои ободонӣ 27 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Гулгашти Дуои модар дорои муҳити сабзу хуррам буда, дар ҳудуди он гулҳои рангоранг, дарахтони сояафкан ва дигар навъҳои растаниҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Чароғонкунии гулгашт низ ба симои он ҳусни тоза бахшида, шароити мусоидро барои сайругашт ва истироҳати сокинон фароҳам овардааст.

Дар маркази он муҷассамаи модар қомат афрохтааст, ки ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин сарчашмаи меҳру муҳаббат — модар мебошад.

Модар нахустин омӯзгори фарзанд, тарбиятгар ва роҳнамои роҳи зиндагӣ ба шумор меравад. Маҳз, бо ҳамин ҳадаф гулгашт номи рамзии Дуои модарро гирифтааст.

Зимни шиносоӣ бо гулгашти Дуои модар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошти мақоми модар ва эҳтироми ӯ ҳамчун муқаддастарин шахс дар ҳаёти ҳар инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки модар шахсияти бузург ва муқаддас буда, эҳтиром ва қадрдонии ӯ қарзи фарзандии ҳар як инсон ба ҳисоб меравад.

 

11 август пас аз ифтитоҳи Гулгашти Дуои модар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нав дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ бунёд гардидааст.

Бино бо назардошти талаботи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор ва бо мақсади мутобиқ намудани намои он ба муҳити меъмории мавҷуда дар шакли классикӣ тарҳрезӣ шудааст.

Дар ороиши дохилию берунии он унсурҳои миллӣ ва санъати баланди шаҳрсозӣ ба таври васеъ истифода гардидааст.

Дар бинои мазкур барои фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор шароити зарурӣ фароҳам шудааст.

Иншоот дорои 11 ҳуҷраи корӣ, ду толори маҷлис ва ҳуҷраҳои дигар мебошад. Яке аз бахшҳои муҳими бино китобхона мебошад, ки дар он маҷмӯи васеи адабиёти илмиву бадеӣ, осори арзишманд ва асарҳои Пешвои миллат гирд оварда шудааст.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншоот бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, узви фаъоли Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бунёдкор Сохтмон Мироҷиддин Ёров амалӣ гардидааст.

Сарвари давлат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст баҳои баланд дода, ин иқдомро намунаи равшани ҳамкории давлату ҷомеа ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар корҳои ободониву созандагӣ арзёбӣ намуданд.

Дар воқеъ рушди инфрасохтори муосир ва бунёди иншооти иҷтимоиву маъмурӣ на танҳо симои шаҳру ноҳияҳоро тағйир медиҳад, балки барои фароҳам овардани шароити беҳтари фаъолияти кормандон ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ замина мегузорад.

Дар бинои нав, ҳамчунин, барои тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби бештари сокинон ба ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастур доданд, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, дар фаъолияти худ масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва ҳисси баланди ватандӯстиро бештар намоянд.

11 август Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳотиҲаёти нави шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии Сафияро мавриди истифода қарордоданд.

Иншооти навбунёд аз ҷонибисоҳибкори ватандӯст Исломиддин Абдуқодирзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарваридавлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст.

Дар муассиса 200 кӯдакба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 16 мураббия ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалбгардидаанд.

Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 32 касро ташкил медиҳад.

Бино дорои 21 ҳуҷраибарҳавои машғулият, аз ҷумла 8 ҳуҷраихобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳо бо мақсади инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бинои кӯдакистон бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад.

Зимни боздид аз шароити кӯдакистонПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, ба соҳибкори меҳандӯст барои иқдоми созанда изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат дастур доданд, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятимону бепарасторон бо сару либос ва лавозимоти хониши ройгон таъмин карда шаванд.

Саҳни бинои Муассисаи томактабии Сафия бодарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороиш ёфта, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст ва барои бедор сохтани ҳиссизебоипарастии кӯдакон муассир мебошад.

Ҳамзамон дар саҳнибино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст.

Соҳибкори ҳимматбаланд Исломиддин Абдуқодирзода иттилоъ дод, ки ояндаи наздик барои омӯзгорони муассисаи томактабӣ хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон ва масъулон, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби онҳо дастуру ҳидоятҳододанд.

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии Сафияро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исломиддин Абдуқодирзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст.

Дар муассиса 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 16 мураббия ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд.

Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 32 касро ташкил медиҳад.

Бино дорои 21 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 8 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳо бо мақсади инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бинои кӯдакистон бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад.

Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, ба соҳибкори меҳандӯст барои иқдоми созанда изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат дастур доданд, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятимону бепарасторон бо сару либос ва лавозимоти хониши ройгон таъмин карда шаванд.

Саҳни бинои Муассисаи томактабии Сафия бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороиш ёфта, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст ва барои бедор сохтани ҳисси зебоипарастии кӯдакон муассир мебошад.

Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст.

Соҳибкори ҳимматбаланд Исломиддин Абдуқодирзода иттилоъ дод, ки ояндаи наздик барои омӯзгорони муассисаи томактабӣ хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон ва масъулон, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

 
https://president.tj/



Вчера, 15:33
Вернуться назад