DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Ташкилоти хизматрасонии аэронавигатсияи гражданӣ (CANSO) қабули дархостҳоро барои барномаи дуюми сертификатсияи «CANSO–Embry-Riddle Aeronautical University» оғоз намуд. Барномаи ҳафтмоҳа барои аъзои CANSO пешбинӣ шуда, роҳбарони баландпоя, мутахассисони умедбахш ва баландихтисосро фаро мегирад. Дар доираи шаш модули онлайнӣ малакаи иштирокчиён дар самтҳои банақшагирии стратегӣ, таҳлили маълумот, идоракунӣ, буҷет ва молия, инчунин идоракунии буҳрон такмил дода мешавад.

***

Заминларзаи шадид фаъолияти ҳафт фурудгоҳи Колумбияро халалдор намуд.

***

Кения барои сайёҳони хориҷие, ки нақшаи будубоши то 12 моҳро доранд, суғуртаи тиббии ҳатмиро ҷорӣ менамояд. Мақомоти кишвар ҳамчунин ният доранд тасдиқи суғуртаро бо низоми иҷозатномаи электронии сафар (eTA) пайваст намоянд. Санаи дақиқи оғози тартиби нав ҳанӯз эълон нашудааст.

***

Ширкати «Archer Aviation Inc.» се ширкати фаръии «Boeing», аз ҷумла «Wisk Aero», «SkyGrid» ва «Insitu»-ро харидорӣ менамояд.

***

10 августи соли ҷорӣ ширкати «Etihad Airways» аввалин парвози худро аз Абу-Дабӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд анҷом дод.

***

Пас аз нақшаи ширкати «Air Cambodia» оид ба сармоягузории тақрибан 3,2 миллиард доллари ИМА барои харидории ҳавопаймоҳои «Boeing», Камбоҷа ва ИМА робитаҳои авиатсионии худро тақвият хоҳанд дод. Ҳамкориҳо ба харидории ҳавопаймоҳо, сармоягузорӣ ба фурудгоҳҳо, рушди ҳамлу нақли борҳои ҳавоӣ ва дастгирии логистика равона мешаванд.

***

Пас аз густариши созишномаи сайёҳӣ миёни Канада ва Нигерия, ширкати «Air Canada» оғози парвозҳои мустақим ба Лагосро дар соли 2027 пешбинӣ менамояд.

***

Бар асари тӯфони «Делфин» дар саросари Ҷумҳурии Мардумии Чин садҳо парвоз лағв шуданд.

***

Ширкати «Dubai Aerospace Enterprise» бо ширкати «Saudia Airlines» барои харидории чор ҳавопаймои нави боркаши «Boeing 777F» ва иҷораи дарозмуддати ҳавопаймоҳо ба мувофиқа расид. Интиқоли ҳавопаймоҳо аз моҳи октябри соли 2026 то моҳи майи соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

***

Ширкати «German Airways» харидорӣ ва маблағгузории панҷ ҳавопаймои минтақавии «Embraer E190»-ро анҷом дод. Ин иқдом як қадами нав дар нақшаи таҷдид ва густариши парки ҳавопаймоҳои ширкат ба ҳисоб меравад.

 ***

(Манбаъ: CANSO, Aviation Explorer, Aviation Source News, Airways Magazine)

Сегодня, 15:50
Вернуться назад